Дар Зафаробод ҳамоиши гусели даъватшавандагон доир гардид
СУҒД, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Нишони давлатӣ дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон ва сарбозон гусели даъватшавандагон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар ҳамоиш падару модарон, ҷавонон ва даъватшудагон иштирок ва хизмат ба Ватанро қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандӣ арзёбӣ намуданд.
Ҷавононе, ки барои адои хизмати Ватан-Модар дар даъвати баҳорӣ ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир гардиданд, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ба машғулияти кӯтоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуда, дар ин рӯз дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Таъкид гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтар мегардад.
Дар ноҳия баҳри дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, хосса насли ояндасози мамлакат чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд






