ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд

Апрель 7, 2024 10:36

ЛАХШ, 07.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ваҳдат маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардида, дар ин рӯз 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд. Дар ин хусус мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Лахш Эраҷ Камолов  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Мувофиқи нақша, солҳои 2023-2024 дар ноҳияи Лахш бояд 11 ҳазору 770 бех ниҳол ва 2000 ҳазор гулу буттаҳо шинонида шаванд. Хушбахтона, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва иҷрои амалии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бобати ҳифзи муҳити зист сокинони ноҳияи Лахш  тариқи ҳашарҳои умумӣ  нақшаи дарахтшинонию сабзазоркуниро иҷро менамоянд.

Директори Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш Қадриддин Рузиев иброз дошт, ки “дар ҳудуди заминҳои Хоҷагии ҷангали ноҳия давоми се моҳи соли равон 7 гектар ҷангали нав бунёд  ва  10 гектар ҷангал  барқарор шуд. Мувофиқи нақшаи муассиса, то охири мавсими ниҳолшинонӣ бояд 27 гектар ҷангали нав бунёд ва 40 гектар ҷангали аз байнрафтаро барқарор намоем.  Бештар дар заминҳои Хоҷагии ҷангал дарахтони мевадиҳанда, аз қабили чормағз, хуч, себ, нок, олуча ва сӯзанбаргу сафедор шинонда мешаванд. То имрӯз дар ҳудуди  зиёда аз 11 гектар  150 килограмм тухмаки бодоми талх, шафтолу, зардолу ва чормағз пошида шудааст, ки ин дар оянда ба бунёди ҷангалзори нав мусоидат менамояд”.

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш ниҳолҳои дарахтон бо тавсияи мутахассисон ва бо риояи қоидаҳои агротехникию мутобиқ ба минтақа шинонида мешаванд.

Кормандони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш,  сохторҳои гуногуни ноҳия ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуда, дар ободонии ноҳия саҳм мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Апрель 7, 2024 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид