ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд

Апрель 21, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар бозии дуюм дар Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи мунтахаби Қирғизистон мусовӣ бозӣ  кард. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вохӯрии  дастаҳои  мунтахаби футзали Тоҷикистон ва  Қирғизистон 20  апрел дар маҷмааи варзишии «Бангкок Арена» баргузор шуда, бо ҳисоби  мусовӣ- 2:2 анҷом ёфт. Голҳои дастаи  мунтахаби Тоҷикистонро Баҳодур Хоҷаев ва Комрон Алиев ба  нишон  расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал  дастаи мунтахаби  футзали Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 ба муқобили  дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ зафар ёфт. Дастаи мунтахаби  Қирғизистон бо ҳисоби 3 бар 2 ба муқобили  дастаи мунтахаби футзали  Ҷопон пирӯз гардид.

Бояд гуфт, ки  дар даври охири марҳилаи гурӯҳӣ  дастаи мунтахаби Тоҷикистон  имрӯз, 22  апрел бо чемпиони амалкунандаи мусобиқа-  дастаи мунтахаби  Ҷопон бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии «Бангкок Арена» доир мешавад. Оғози рақобат ба вақти Душанбе соати 14:00 аст.

Ҷоми Осиё 2024 | Даври 2

Қирғизистон 2:2 Тоҷикистон

Голҳо: Баҳодур Хоҷаев, 9 (0:1). Комрон Алиев, 30 (0:2). Шоҳрух Маҳмадаминов, 36 (1:2). Мақсат Олимов, 40 (2:2).

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 21, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
10 АВГУСТ — РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Теъдоди иншооти соҳаи варзиш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид