СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Апрель 6, 2024 09:09

ДУШАНБЕ, 06.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар мавзуи «Терроризм ҳамчун омили таҳдидкунандаи пойдории давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023  соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.

Ҳадафи эълон намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама,  баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, муносибати шаҳрвандон нисбат ба ҳуқуқ ва қонун, иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ, риояи якхелаи қонунҳо, иҷрои уҳдадориҳо дар назди давлат, ҷамъият, коҳиш додани ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва пешгирии ҷинояту қонуншикӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, бояд ҳамагон дар риояи қонун ва иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ пешгом бошем.

Терроризм ва экстремизм махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ оварда, монеи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гаштаанд. Аз ин рӯ, тамоми мамлакатҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок бархоста, бар зидди он муташаккилона мубориза мебаранд.

Дар ҷаласаи пленарӣ дар мавзуъҳои  «Паҳншавии вабои аср – терроризм ва экстремизм ва роҳҳои пешгирии он», «Ифротгароии динӣ ҳамчун таҳдиди сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ», «Таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ба ҳам бархӯрдани манфиатҳои абарқудратҳо ҳамчун сарчашмаи пайдоиши экстремизми динӣ», «Экстремизм ва терроризм: умумият ва фарқияти онҳо» ва «Асосҳои ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ» маърузаҳои пуромуҳтаво пешниҳод гардид.

Конфронси ҷумҳуриявӣ дар се бахш идома ёфта, роҳу усулҳои мубориза бо ин вабои аср дар меҳвари мақолаҳои конфронс қарор мегирад, ки он баъдан дар шакли маҷмуаи алоҳида ба нашр мерасад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Апрель 6, 2024 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 36 муассисаи таълимӣ ба таври шартӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шаш ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои томактабӣ бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон сатҳи дониш ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ баланд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ 13 Шурои экспертӣ фаъолият доранд
Соли равон 85 хатмкунандаи Академияи идоракунии давлатӣ соҳиби дипломи аъло шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Академияи идоракунии давлатӣ аз рӯйи 31 ихтисос мутахассис омода менамояд
Дар Душанбе вазъи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи металлургия баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кооператсия дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Соли равон 12 номгӯй китоби дарсӣ барои синфҳои 5-6 нашр карда мешавад
Имрӯз даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ оғоз гардид