ТАРБИЯИ ФАРЗАНД-МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ин мавзуъ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо волидайн ва донишҷӯёни факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ вохӯрӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Дар вохӯрӣ ҷойгоҳи волидайн дар татбиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, алалхусус «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд стратегияҳои давлатии дар самти тарбия қабулгардида шарҳ дода шуд.
Таъкид гардид, ки барои ҳамаҷониба омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар ҷаҳони имрӯза ҳамкории волидайн бо донишгоҳ барои омӯзгорон бисёр муҳим мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳамзамон вохӯрӣ бо волидайн дар рушди муҳити таълимӣ ва фаъолияти ҷамъиятии донишҷӯён иқдоми нек аст. Волидайн даъват шуданд, ки нисбат ба иштироки фарзандонашон дар дарсҳо, тартибу интизоми онҳо, риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯён, фаъолнокии онҳо барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дигар озмунҳои фаннӣ бетараф набуда, пайваста аз вазъи таҳсил ва иштироки фарзандон дар дарсҳо огоҳ бошанд.
Дар интиҳои вохӯрӣ волидайни донишҷӯён ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуда, таклифу пешниҳодҳояшонро манзур намуданд. Ҳамзамон донишҷӯён таклифу пешниҳодҳояшонро оид ба дастоварду имконият ва мушкилоту норасоиҳо иброз доштанд.
Роҳбарияти донишгоҳ бо боварӣ иброз доштанд, ки таклифу пешниҳодҳои волидайн ва донишҷӯёнро омӯхта, дар ҳамкорӣ бо волидайн кӯшиш менамоянд, ки кадрҳои баландихтисос ва дорои ахлоқи намунавӣ омода намоянд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид
Хонандагони ноҳияи Данғара дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 18 медал ба даст оварданд
Хонандаи Гимназияи хусусии «Кафолат» дар Олимпиадаи байналмилалаии JEO, SEO – 2026 сазовори медали тилло гардид
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИИ ИЛМӢ. Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон созишнома ба имзо расониданд
GREEN.DIGITAL.SMART. Донишгоҳҳои «сабз» заминаи устувори дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонро таъмин менамоянд
Ҷаласаи кории ситоди даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар шаҳри Бохтар маркази «eKhonish» ифтитоҳ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии «Осиёи Марказӣ–Иттиҳоди Аврупо» иштирок намуд






