«Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд

Апрель 25, 2024 20:20

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таҳлили масъалаҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин ва Рӯзи байналмилалии  забони хитоӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо итсинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки мақсади фаъолияти Маркази таҳлили масъалаҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатия аз ҳамоҳангсозии иқтидори илмӣ, таълимӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионӣ, аз ҷумла тақвият бахшидани робитаи байни давлатҳои хориҷи дуру наздик, муассисаҳои таълимии олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат, ҳамкории судманд бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналхалқии байнидавлатӣ ва ғайридавлатӣ, марказҳои илмиву фарҳангии давлатҳои хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли тиҷорат баҳри муайянсозии муаммоҳо ва дастовардҳои илмӣ дар самти иқтисодӣ, иҷтимоию сиёсӣ бо роҳи мондани таҳқиқоти дахлдор ва татбиқи он дар раванди таълим ва амалия иборат мебошад.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳуpии Мapдумии Чин якe aз aввaлинҳo шудa, иcтиқлoли Ҷумҳуpии Тoҷикиcтoнpo бa pacмият шинoхт. Тoҷикиcтoн Чинpo якe aз шapикoни бoэътимoд вa кaлидӣ дap минтaқaи Ocиёи Мapкaзӣ мeдoнaд вa тaҳкими ҳaмкopии мутaқoбилaн cудмaнд, мунocибaтҳoи дӯcтoнa вa ҳaмcoягии нeк бo Ҷумҳуpии Мapдумии Чин aз aфзaлияти acocии cиёcaти хopиҷии Ҷумҳуpии Тoҷикиcтoн мeбoшaд.

Директори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Жен Гентян доир ба шарикии стратегии Тоҷикистон ва Чин иброз намуд, ки дар асоси шартномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни давлатҳо дар соҳаи маориф ҳамасола шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик ба таври ройгон дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва доктарантура ба таҳсил фаро гирифта мешавад.  Аз ҷумла, дар соли хониши 2023-2024   9 донишҷӯи донишгоҳ барои таҳсил тариқи табодул ба Чин равон шуданд, ки  ин иқдом минбаъд низ давом меёбад.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Апрель 25, 2024 20:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд
Тоҷикистон ва Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор баргузор гардид
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
Президенти Тоҷикистон барои иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ дастур доданд

Маводҳои таҳлилӣ