БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН. Варзишгарон ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд
ДУШАНБЕ, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст».
Қариб 70 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил менамоянд. Чунин ҳолатро ба эътибор гирифта, Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали ба Истиқлоли давлатӣ расидан дар татбиқи сиёсати давлатӣ доир ба ин қишри муҳими ҷомеа афзалияти бештар муқаррар намуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва машғул шудан ба тарзи ҳаёти солим ва иштирок дар мусобиқаҳои бузурги варзишӣ шароити зарурӣ муҳайё намуд.
Бо ҳам тавъам омадани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар моҳи май бесабаб нест.
Бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид 25 май бо қабули қатъномаи махсус «Рӯзи ҷаҳонии футбол» эълон карда шуд. Чунин иқдом бори дигар собит мекунад, ки Тоҷикистон на танҳо ба рушди футбол дар маҳдудаи муайян, балки дар саросари сайёра манфиатдор буда, ҷонибдори густариши амиқ пайдо кардани варзиши рақами як дар тамоми ҷаҳон аст.
Ибтикори Рӯзи ҷаҳонии футбол дар қалби Тоҷикистон бо ҳимояти Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз шуд ва он рӯз дур нест, ки бо амалигардии чунин иқдоми шоиста футболи тоҷик низ дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хос пайдо менамояд.
Давоми солҳои охир бо дастгирию ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш бо шумули бахшҳои гуногуни он ба таври бесобиқа рушду ривоҷ ёфт. Бо вуҷуди он ки ҳоло соҳаи варзиши тоҷик дар марҳилаи ислоҳоту таҳаввулоти бунёдӣ қарор дорад, мо солҳои гузашта ба дастовардҳои назаррас ноил шудем.
Дар байни чорабиниҳои гуногуни варзишӣ дар саросари дунё аз давраҳои дури таърихӣ то имрӯз Бозиҳои олимпӣ мусобиқаи аз ҳама бошукуҳу бонуфуз ба шумор мераванд. Ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ дар таърихи варзиши тоҷик кам набуданд. Соли 1972 дар Олимпиадаи Мюнхен узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Юрий Лобанов дар масофаи 1000 м аз намуди варзиши каноэ ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Зебунисо Рустамова соли 1976 дар шаҳри Монреали Канада аз намуди варзиши камонварӣ сазовори мақоми сеюм гашт. Он замон вай ягона варзишгардухтаре буд, ки аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба гирифтани медали олимпӣ шарафёб гардид. Соли 1992 дар Олимпиадаи Барселона варзишгари тоҷик Андрей Абдувалиев аз риштаи гурзандозии варзиши сабук мақоми аввалро соҳиб шуд.
Олимпиадаи Пекин-2008 (дар Ҷумҳурии Мардумии Чин) барои варзишгарони мо муваффақтарин мусобиқа дар даврони соҳибистиқлолӣ буд. Маҳз дар ҳамин олимпиада ба варзишгарони тоҷик муяссар гашт, то нахустин медалҳои олимпиро дар давраи соҳибистиқлолии ватанамон ба даст оранд. Юсуф Абдусаломов аз намуди гӯштини тарзи озод сазовори медали нуқра ва Расул Боқиев аз гӯштини ҷудо сазовори медали биринҷӣ гардиданд. Дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ба Мавзуна Чориева муяссар гашт, то бо медали биринҷӣ ба Ватан баргардад.
Дар Бозиҳои XXXI тобистонаи Олимпии Рио-де-Жанейро-2016 гурзандози маъруфи мо Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр партофта, дар байни ситораҳои саршиноси варзиши сайёра сазовори медали тилло шуд. Ӯ бо ин дастоварди олӣ аввалин медали тиллои олимпиро ба хазинаи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ тақдим намуд.
Пас аз Бозиҳои олимпӣ аз нигоҳи нуфузу мартаба Бозиҳои осиёӣ муҳимияти хосса дорад. Дар ҳашт давра (солҳои 1994, 1998, 2002, 2006, 2010, 2014, 2018, 2022) бо иштироки худ дар Бозиҳои варзишии қитъаи паҳновари Осиё варзишгарони тоҷик соҳиби 6 медали тилло, 8 нуқра ва 21 биринҷӣ гардидаанд.
Аз дастовардҳои дигари шоёни ин даврон чемпиони ҷаҳон шудани се паҳлавони хушноми тоҷик — Беҳрӯз Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримовро дар риштаи самбо ва чемпиони ҷаҳон шудани Сомон Маҳмадбеков ва Эмомалии Нуралӣ дар байни ҷавонон дар риштаи ҷудоро низ ёдовар шудан бамаврид аст.
Тоҷикистон дар футбол низ ба дастовардҳои калон ноил гардидааст. Дастаи мунтахаби наврасони то 16 — солаи Тоҷикистон дар солҳои 2006 ва 2018 ба гирифтани медалҳои биринҷӣ ва нуқраи Чемпионати Осиё шарафёб шуда, соҳиби роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон байни наврасони то 17 — сола гардид. Инчунин дастаҳои мунтахаби ҷавонон ва олимпии Тоҷикистон низ пайваста дар мусобиқаҳои бузурги осиёӣ иштирок менамоянд. Маҳз таваҷҷуҳи зиёд ба рушди футболи кӯдакону наврасон сабаб гашт, то натиҷаҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар арсаи байналмилалӣ беҳтар гарданд. Дар Ҷоми Осиё-2023, ки моҳҳои январ — феврали соли 2024 дар Давлати Қатар баргузор шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин иштироки худ то ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё расида, бо бозиҳои зебо дар ҷомеаи футболи ҷаҳон ҳамчун дастаи пурқувват эътироф гашт.
Ҳамчунин моҳи апрели соли 2024 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар чемпионати Осиё ба қатори чаҳор дастаи беҳтарини қора дохил шуда, соҳиби роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон гардид. Ин бори аввал аст, ки як дастаи варзишӣ дар таърихи соҳибистиқлолии ватанамон ба Чемпионати ҷаҳон миёни бузургсолон роҳ меёбад. Футболи бошгоҳӣ ва доштани чемпионати пурқувват барои беҳтар шудани натиҷаи дастаҳои яккачини мамлакат замина мегардад.
Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар оғози садаи нав аз побарҷо будани анъанаҳои неки футболи бошгоҳии тоҷик дар арсаи Осиё дарак дод. Даста се дафъа — солҳои 2005, 2008 ва 2009 қаҳрамони мусобиқаи Ҷоми Президенти КФО гашт. Дар тамоми давраи баргузории ин мусобиқа ба ягон бошгоҳи дигар муяссар нашуд, ки ин натиҷаи футболбозони шаҳри Турсунзодаро такрор кунад.
Сипас, бошгоҳи дигари Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и навтаъсис низ ба фатҳи ин мусобиқа ноил шуд. Ба ин тартиб дастаҳои футболи Тоҷикистон бо 4 дафъа ғолиби Ҷоми Президенти КФО шудан нисбат ба тимҳои кишварҳои дигар ҳамто надоранд.
Дастовардҳои минбаъдаи футболи бошгоҳии тоҷик аз ин ба баъд ба номи дастаи ҷавон, вале ҳамзамон дорои ояндаи бузург – «Истиқлол» пайванди амиқ дорад. Бояд гуфт, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ду бор — солҳои 2015 ва 2017 то ба финали Ҷоми КФО роҳ ёфт, аммо дар рақобатҳои ниҳоӣ бахт ба ин даста нахандид. Ҳамин ҳунарнамоии дастаи «Истиқлол» сабаб шуд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии осиёӣ боло равад ва қаҳрамони Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар Лигаи чемпионҳои Осиё – мусобиқаи пурнуфузтарин миёни бошгоҳҳои осиёӣ роҳ пайдо намояд. То имрӯз дастаи футболи пойтахт ба таври арзанда шаъну шарафи футболи тоҷикро дар чунин мусобиқаҳо муаррифӣ мекунад.
Ҳамзамон бо ин Тоҷикистон давоми солҳои 2015-2024 макони баргузории мусобиқоти гуногуни байналмилалӣ интихоб гардид. Дар баробари марҳилаҳои интихобии Чемпионати Осиё байни наврасон, ҷавонон, дастаҳои олимпӣ боз мусобиқоти футболи занона низ доир шуд. Дар чаҳорчӯбаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки шуруъ аз соли 2019 Тоҷикистон роҳбариро дар ин созмон бар дӯш дорад, аксари мусобиқаҳои таҳти васояти он барпомешуда дар Тоҷикистон доир мегарданд.
Дар варзиш ба даст овардани натиҷаҳои мусбат фурсат мехоҳад. Итминон дорем, ки баъди чанде заҳмату талошҳои мо самар меовараду Тоҷикистон ба қатори беҳтарин давлатҳои рушдкардаи варзишӣ дохил мегардад. Зеро тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, «миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад».
Сайвалӣ ДОНИЁРЗОДА,
директори генералии ТҶВ «Лигаи футболи Тоҷикистон»-и Федератсияи футболи Тоҷикистон