Дар Душанбе бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ мулоқот доир гардид

Май 16, 2024 20:00

ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 15 май роҳбарияти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ  мулоқот намуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Раиси Кумита пешниҳод намуд, ки барои мактаббачагон, хусусан  барои баланд бардоштани донишу малакаи онҳо дар самти рафтори дуруст дар ҳолати рух додани офатҳои табиӣ машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шаванд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи мамлакат оид ба ҳуқуқи кӯдакон ва афзалияти рушди фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкории Кумита ва Созмонро баррасӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба густариши ҳамкории дуҷониба дар самти ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ ва анҷоми корҳо оид ба рафъи он таъкид намуданд.

Ҳамзамон Раиси  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон оид ба  масъалаҳои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ва оилаҳои осебпазир, идомаи маблағгузории сохтмони Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон дар Қаратоғ, дастрас намудани таҷҳизоти техникӣ барои корҳои ҳаррӯза мулоқот анҷом дод.  

Раиси Кумита тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудиро дар ин замина муҳим арзёбӣ намуда,  иброз дошт, ки Кумита ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Сафир талошҳои муштаракро барои амиқтар ба роҳ мондани ҳамкории Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ муҳим арзёбӣ намуд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 16, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид