Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то охири моҳи май идома меёбад

Май 16, 2024 16:11

ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо гузаштани 45 рӯз аз оғози даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  мақомоти масъули комиссияҳои вобастаи давлатии даъват дар 47 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар хадамоти матуботи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Ба ҳамин тартиб, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нақшаи ҷалби даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пурра иҷро намуданд.

Дар умум, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 88 фоиз баробар мебошад. Тавре АМИТ «Ховар»  қаблан иттилоъ дод, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод, шаҳрҳои Роғуну Турсунзода дар рӯзҳои нахустини даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати аскарӣ аз анҷоми даъвату гусели сарбозони ояндаи Ватан гузориш доданд.

Аз оғози даъвати навбатӣ нақшаи иҷрогардида дар вилояти Суғд 67 фоизро ташкил медиҳад. Мақомоти вобастаи комиссияҳои давлатии даъват дар шаҳрҳои Панҷакенту Бӯстони вилояти Суғд иҷрои ин чорабинии муҳимро пурра ба анҷом расониданд.

Бояд гуфт, ки кори комиссияҳои давлатии вобаста ба даъват дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то охири моҳи май идома меёбад.

АКС аз бойгонӣ

Май 16, 2024 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд