Экспедитсияи бостоншиносӣ-геологӣ доир ба омӯзиши бошишгоҳҳои асри санги ноҳияи Ховалинг шуруъ гардид

Май 26, 2024 12:04

ДУШАНБЕ, 26.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Экспедитсияи муштараки бостоншиносӣ-геологӣ (геоархеологӣ)-и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти географияи Академияи илмҳои Русия ва Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Русия дар мавсими нав аз 15 майи соли 2024 ба таҳқиқи ёдгориҳои палеолити зардхоки ноҳияи Ховалинг шуруъ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ.

Имсол бостоншиносон таҳқиқоти қабатҳои мадании маконҳои одамони ибтидоиро, ки дар сурххокҳои кадими буришҳои геологии Кӯлдара, Лоҳутӣ-IV ва Хонақо-III ҷойгир шудаанд, ба нақша гирифтаанд. Таҳқиқот дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Корҳои ҳафриётӣ асосан дар дараи Хонақои Себдара, ки  дар километри 5-уми самти шимолу шарқи Ховалинг воқеъ аст, гузаронида мешаванд.

Буриши геологии  Хонақо-III дар ин дара соли 1975 аз тарафи геолог А. Е.Додонов кашф шуда, онро бостоншиноси маъруф В.А.Ранов таҳқиқ намудааст. Солҳои 90-уми асри ХХ бо даъвати В.А.Ранов бостоншиноси олмонӣ Йохен Шефер ба экспедитсия ҳамроҳ шуд. Таҳқиқоти ҳозиразамон аз соли 2019 дар доираи лоиҳаи  байналмилалии THOCA бо иштироки намояндагони 11 давлати ҷаҳон гузаронида мешавад.

Дар буриши геологии Хонако-III шаш қабати мадании давраи асри санг мавҷуд аст. Ба барномаи имсолаи таҳқиқоти илмӣ корҳои ҳафриётӣ дар се қабати маданӣ  ворид шудаанд.


Рӯзи аввали кофтукови экспедитсияи имсола  натиҷаҳои хуб бахшид. Якчанд осори сангӣ дар қабати дуюми палеолитӣ дарёфт гардид, ки қабати мадании он ба 180-240 ҳазор сол тааллуқ дорад. Маҷмуаи бозёфтҳои осори сангӣ аз ин қабат, ки давоми таҳқиқоти чандинсола ҷамъоварӣ шудааст, ба варианти леваллуа-мустиеи маданияти мустие палеолити миёна тааллуқ дорад ва намояндаи ин маданият неандерталҳо буданд. Дар қабати шашум боз ду артефакти сангӣ дарёфт гардид.

Маҷмуаи осори сангине, ки дар натиҷаи таҳқиқоти чандинсола ҷамъоварӣ шудаанд, ба маданияти палеолити поёнии Қаратоғ тааллуқ дорад, ки дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон муайян шудааст ва осори маданияти эректусҳо мебошад. Сину соли қабати шашум тақрибан ба 621-659 ҳазор сол рост меояд.

Ба ғайр аз корҳои ҳафриётӣ, дар бошишгоҳҳои Кӯлдара ва Лоҳутӣ-IV таҳқиқоти хокшиносиву геологӣ ба нақша гирифта шудааст. Таҳқиқоти бостоншиносии бошишгоҳҳои давраи санги қадим дар ноҳияи Ховалинг аз ҷониби экспедитсияи байналмилалии Тоҷикистон-Русия имкон медиҳад, ки фаҳмиш дар бораи марҳалаҳои сукунати одамони қадим дар қаламрави Тоҷикистони муосир такмил ёбад. Инчунин таҳқиқоти экспедитсия имкон медиҳад, ки нақшаи маданию хронологии рушди техника ва технологияи ҷудо кардани санг дар давраи палеолити тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муайян карда шавад.

АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 26, 2024 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик