«МО, ҶАВОНОН НАСЛИ ХУШБАХТИ ТОҶИКИСТОНЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ҷавонони фаъолро қадрдонӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Мо, ҷавонон насли хушбахти Тоҷикистонем!» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиш дар доираи моҳвораи ҷавонон баргузор гардида, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар донишгоҳ якчанд мусобиқаи варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ректори донишгоҳ», волейбол, гӯштини миллӣ дар 2 вазн, тенниси рӯи миз, турниккашӣ ва бандкашӣ, инчунин озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон мамлакати ҷавонон аст» дар байни омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни 14 факултет натиҷагирӣ карда шуд.
Ғолибони озмуну мусобиқаҳо дар вазъияти тантанавӣ бо ҷом, диплом, Ифтихорнома ва сипосномаҳои донишгоҳ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Доир ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад»
Дар Донишгоҳи миллӣ аз саҳми намоёни Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРУ СУЛҲПАРВАР — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин хусус
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт






