Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон оғоз мегарданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз мегарданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.
Аҳли фарҳанги мамлакат, иборат аз 110 ҳунарманд таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба Озарбойҷон сафар намуд.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон то 23 май идома меёбанд. Дар доираи он барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон доир мегардад.
Ҳамчунин дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ Рӯзҳои китоби тоҷик низ доир мешаванд.
23 май дар шаҳри Ганҷа барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик пешниҳод мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бо мақсади муаррифии васеи Тоҷикистон як зумра филмҳои мустанад ба забони англисӣ тарҷума ва дубляж гардиданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд
Корҳои тармиму барқарорсозӣ дар ёдгориҳои Қалъаи Муъминобод, Қалъаи Кӯлоб ва қасри Ҳокими Ҳисор идома доранд
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
Бо иштироки олимони бостоншинос филми мустанади «Хутали қадим» таҳия гардид
Дар Тоҷикистон 6 агентии иттилоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шоҳи қуллаҳо» — филми мустанад дар мавзуи ҳифзи бабри барфӣ сазовори ҷоиза гардид
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ду барномаи нави соҳаи фарҳанг қабул гардид
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд






