Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара бинои Мактаб-интернатро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара бинои Мактаб-интернатро ифтитоҳ карданд.
Иншооти муосир аз ду ошёна иборат буда, барои зиёда аз 600 таълимгиранда пешбинӣ карда шудааст.
Муассисаи таълимӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳ, китобхона ва толори хониш иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ ва фароҳам шудани шароити муосирро барои таълиму тарбияи ятимон натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ояндаи ин қишри ояндасози Ватан арзёбӣ карданд.
Бинои замонавии Мактаб-интернат бо ҷалби сармояи хориҷӣ, аз муассисаҳои мададрасони арабӣ ва саҳмгузории фаъолонаи гурӯҳи соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст.
Иншооти иҷтимоӣ дорои маҷлисгоҳ бо 266 ҷойи нишаст, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва толори варзишии барҳаво мебошад. Хонандагон метавонанд дар баробари омӯзиши дарс дар синфхонаҳои таълими меҳнат ҳунарҳои гуногун аз худ намоянд.
Татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овардааст, ки шароит барои таълиму тарбияи насли наврас пурра ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ шавад.
Ҳамчунин муассиса дорои хобгоҳи замонавӣ барои 200 нафар мебошад. Дар ҳар ҳуҷра барои зисти наврасон ва омода кардани дарсҳо имконияти замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин таълимгирандагон метавонанд дар хобгоҳ аз китобхона ва толори барҳаво барои мутолиа истифода намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону наврасонро барои истифодаи муфид аз шароити муосири фароҳамшуда, аз худ кардани илмҳои дақиқ, донистани забонҳои хориҷӣ ва оянда ҳамчун кадрҳои лаёқатманди хештаншинос хизмат кардан ба нафъи давлату миллат вазифадор намуданд.
Майдончаи футбол, боғи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, майсазор, роҳравҳои сафолакпӯш ва чароғҳои равшанидиҳанда атрофи муассисаро зебою назаррабо гардонидааст.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад
Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нишасти илмию назариявӣ баргузор гардид
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷамоати шаҳраки Шарора корхонаҳои истеҳсоли хишт ва семент ба истифода дода мешаванд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕНАЗИР АСТ. Ва ё вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»






