САВГАНДИ САДОҚАТ БА ВАТАН. Дар ҷузъу томҳои Артиши миллии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарон оғоз шуд

Май 15, 2024 15:28

ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аввали моҳи май дар аксар қисму воҳидҳои низомии Артиши миллӣ, мустақар дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои бошукуҳи савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳории соли 2024 доир гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба хадамоти матуботи Вазорати мудофиаи мамлакат. Яке аз онҳо чорабиние аст, ки 14 май дар пойгоҳи Баталиони таъйиноти махсуси Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Ҷамъомад бо сафороии ҳайати шахсӣ, даровардани Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ ба майдони баргузории чорабинӣ ва таҳти садои Суруди миллӣ, ки рамзи ватандӯстӣ ва давлати мустақили миллӣ мебошад, оғоз гардид. Сипас, ҳайати шахсии наваскарон бо либоси идонаю силоҳи ба онҳо вобастагардида, бо ҷасорат ва неруи ҷавонмардӣ дар назди ҳайатҳои фармондеҳӣ, афсарону сарбозони ҳамхизмат, падару модарон ва пайвандону наздиконашон ба қабули Савганди ҳарбӣ шуруъ намуданд. Онҳо бо эҳсоси волои ватандӯстона ва садоқату самимияти хос ба халқу Ватан матни савгандномаро қироат карда, қавл доданд, ки ин рисолати бузург ва вазифаи ҷавонмардонаро софдилонаву суботкорона иҷро менамоянд ва ба савганди ёднамудаи худ ҷовидона содиқ мемонанд.

Афсарони ҷавон, ки давоми як моҳ ба наваскарон тартибу низоми хизмат, интизоми ҳарбӣ, мавзуъ ва моҳияти оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар маҷмуъ курси ибтидоии ҳарбиро омӯзониданд, ҳоло дар идомаи хизмат низ онҳоро бо чунин самимият дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва омӯзиши нозукиҳои хизмати ҳарбӣ дар ин қисми низомӣ тарбия менамоянд.

Дар идомаи ҷамъомад афсарони олирутбаи Вазорати мудофиаи мамлакат оид ба афзалияти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти дифои марзу буми аҷдодӣ сухан гуфтанд. Ҳамзамон ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хеле муҳиму масъулиятнок, ки давоми хизмат онҳоро дар пеш аст, барору комёбӣ таманно карданд.

Пардару модарон ва наваскарон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро муҳимтарин мактаб дар ҳаёти ҷавонон ва дарси садоқату вафодорӣ арзёбӣ намуданд. Чун самти асосии таъйиноти ин воҳиди низомӣ пеш бурдани амалиёти муҳиму масъулиятнок аст, аз ин лиҳоз ҳайати шахсии он ҳамеша пайи такмили донишу таҷриба ва малакаи касбӣ мебошад. Ташкили намоиши зӯрозмоиҳои тан ба тан дар ин чорабинӣ далели омодагии хуби ҷисмонӣ ва тактикаи ҷангии онҳо буд.

Дар охири ҷамъомад гузашти низомии афсарону сарбозони баталиони таъйиноти махсус, аз ҷумла наваскарон, ки дар ин мактаби мардонагӣ таълиму таҷрибаи ҳарбӣ мегиранд, баргузор карда шуд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2024 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Нуробод вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа вохӯрӣ баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Русия вобаста ба ҳодисаи гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии шаҳри Суровикино тадбир меандешанд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар ноҳияи Хуросон бинои Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирӣ ба истифода дода шуд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Прокуратураи генералӣ: «Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат нашаванд»
Намояндагони Тоҷикистон ва UNHCR масъалаи ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
АМАЛИЁТИ «КОРД». Милитсияи Хатлон 768 силоҳи сард дарёфт ва мусодира намуд
Дар даъвати тирамоҳӣ дар шаҳри Ваҳдат 260 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мешавад
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ дар Минск иштирок намуд