Зиёда аз 4 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳандаи боғи навбунёди ноҳияи Мурғоб зимистони сардро бе зарар гузарониданд
ХОРУҒ, 02.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи вусъат бахшидани мавсими ободониву сабзазоркунӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2023 дар Боғи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 4 ҳазор бех дарахт ва буттаи хучу ангат шинонида шуд.
Мутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Мадина Давлатёрова ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки “ин боғ дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Парвариши ҳама намуди дарахтон дар шароити ин ноҳияи баландкӯҳ мушкилоти зиёд дорад. Давоми зиёда аз сад сол мутахассисони соҳаи боғдорӣ борҳо талош карданд, ки дар маркази ноҳия боғ бунёд кунанд, аммо ин талоши онҳо натиҷае ба бор наовард. Ба ҷуз чанд дарахти беди маҳалӣ дар назди мақомоти давлатӣ дигар ҳамаи дарахтон бинобар сардию беобию бенамӣ аз нашъу намо монданд. Баъзе аз сокинони маҳаллӣ ба ин боғ низ бо назари шубҳа менигаристанд, аммо танҳо 20 фоизи дарахтон ба сардии фасли тирамоҳу зимистон тоб наоварда, ба 80 фоизи дарахтони ороишию мевадиҳанда боду ҳавои сард зарар нарасонид. Чунки бо мақсади гарм нигоҳ доштани решаи дарахтон зери ҳар дарахт бо тавсияи мутахассисон хоки бегона, алаф ва поруи маҳалӣ рехтанд, ки ин омил боиси наҷоти дарахтон гардид”.
Обмонии ин боғ ба воситаи пойгоҳи обкашӣ аз чоҳи амудӣ ба роҳ монда шуда, он ҳамчун боғи намунавӣ дар байни кӯҳҳои сарбагардун нашъунамои хуб дорад. Нашъунамои дарахтони ин боғ мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро умедвор сохтааст, аз ин рӯ онҳо боз як гектар заминро дар яке аз гӯшаҳои маркази ноҳия интихоб карда, рӯзҳои наздик ба коркарди замини он оғоз мекунанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






