Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 июл дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и пойтахт даври шаҳрии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Расии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмаҳмадзода иброз намуд, ки фестивал дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани иқтидори корхонаҳои саноатӣ дар пойтахт, беҳтар намудани сифати маҳсулоти ватанӣ гузаронида мешавад.
Дар фестивал баъд аз санҷишу азназаргузаронӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол муайян гардида, онҳо аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо «Диплом»-у «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Гуфта шуд, ки ғолибони даври шаҳрӣ ба даври ҷумҳуриявии фестивали мазкур роҳхат гирифтанд.
АКС: Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе











Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид






