Эълони Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» иқдоме дар роҳи худшиносии миллӣ аст

Июль 11, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсуди арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат байни қишри ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад. Чунин омадааст дар мақолаи кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бобоҷон Шафеъ ва Зафари Гулмурод, ки ба АМИТ «Ховар» расидааст. Дар зер матни пурраи ин мақола оварда мешавад.

— Маълум аст, ки барои мустаҳкаму беолоиш ва бахшидани умри тӯлонитар барои ҳаёти як миллат ва ё як давлат ва поянда нигоҳ доштани низоми истиқлолхоҳӣ, сулҳ, дустӣ, ваҳдат, забон ва фарҳанги ҷомеа мамлакатҳо дар тамоми замонҳо ба маърифат ва хираду дониши қавмҳои худ бештар таваҷҷуҳ мекарданд. Аз ин нигоҳ, давлатҳои соҳибнуфуз кӯшиш менамуданд барои ҷомеаҳои худ, дар иртибот ба худшиносиву хештаншиносӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву қавмӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихори худ барномаву нақшаҳои санҷидашуда ва интихобгардидаро рӯйи даст гиранд.

Ниёгони мо пайваста барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ ва ба худшиносиву хештаншиносӣ гаравидани ҷавонону наврасон ва умуман ҷомеаҳои хеш аз сухани ҳакимонаву ҳалимона ва олимонаи «Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек» истифода намуда, ҳамагонро ба асолати аслӣ ва азалии хеш талқин менамуданд. Дар мавзуи мавриди назар ҳамзамон огаҳон аз қиссаи «Ҳафт марди хирадманд»-и замони абарқаҳрамонҳои Юнони Бостон низ медонанд ва хуб ҳам пайхас мекарданд, ки яке аз ҳафт нафар ё ҳатто ҳамаи онҳо ҳамроҳ қарор доданд, ки дар девори маъбади Аполлон (Худои офтоб) дар Делфӣ (шаҳри қадима дар Юнон) навиштаҷоти «Худро шинос»-ро ҳаккокӣ кунанд. Ин панди ниёгони миллату халқҳо ва ё ин падидаи нозуку ҳассос оҳиста-оҳиста масъалаи мавриди назари тамоми миллатҳо гашта, дар замони мусоир таваҷҷуҳ ба ин омили тақдирсоз ва давлатсоз боз ҳам ҷиддитар ва заруртар гардид. Ҳатто нависандаи машҳури рус Антон Чехов дар повести «Таърихи ғамангез»-и худ вобаста ба масъалаи «худро бишнос» чунин таъкид намудааст: «Худро бишнос» маслиҳати олӣ ва муфид аст, танҳо афсӯс, ки гузаштагон дар бораи нишон додани роҳи истифода аз ин маслиҳат фикр накардаанд».

Ба андешаи мо, бо ғаму андӯҳ ва ноумедӣ аз гузаштагон дар мавриди як панди ҷаҳонгир адиби машҳур ба он ишора мекунад, ки имрӯз бояд дар андешаи маърифат ва хонишу дониши ояндагон бошем, то насли ояндаи миллат дар худ заифӣ эҳсос накунад, барномаву стратегияи муайяну бонизом таҳия намудаву фикри солими қавми хеш кунем.

Доир ба худшиносӣ ва худогоҳӣ андешаву назарҳои мутахассисон ва донишмандон зиёд пешниҳод шудаву то ба ҳол коршиносон марбут ба он тафаккур мекунанд ва мекӯшанд ин масъаларо ба таври бехтаву рехта ва содатар ба шаҳрвандон фаҳмонанд. Албатта, аз рӯйи натиҷа ва хулосабарорӣ метавон чунин бардошт кард, ки ҷараёнҳои худшиносӣ ва хештаншиносӣ ин як раванди беохир буда, ки дар тӯли ҳаёти инсонҳо идома мекунад. Худшиносӣ ба шахс кумак мерасонад, ки худро пайдо кунад, хештаншиносӣ дар ҳаёти инсонҳо тафаккур намудан ва пайрави рафторҳои неку гуфторҳои неку пиндорҳои некро омили асосии хушбахтӣ гуморидан талқин мекунад. Донистани ҷиҳатҳои қавӣ ва заифии инсон аз рӯйдодҳои азим буда, барои ба қуллаҳои саодат расидан бояд аз чаҳор унсури асосӣ: ростӣ, равшанӣ, шаъну шараф ва шукӯҳу нубуғ канор нарафтанро инсон хуб омӯзад ва барои ба ин натиҷа расидан, омили асосӣ ва ба қуллаи мақсуд расидан танҳо рӯй овардан ба асолату таъриху фарҳанги худ мебошад, ки инро принсипҳои асосии худшиносӣ ва хештаншиносӣ талқингаранд. Баррасии ин масъаларо ба донишмандон ва олимон вогузошта, акнун меоем сари мақсуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», ки бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ доир мегардад, дар роҳи рӯй овардан ба ҳувияти миллӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносию меҳанпарастӣ ва дар маҷмуъ эҳтирому шукргузорӣ аз истиқлоли сиёсӣ ва ба ин васила ҷалби ҷавонон ба осори пурғановати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми назарраси ин шахсияти шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ дар бунёди давлати навини тоҷикон, пайгирии сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи ӯ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои шоистаи фаъолияти роҳбарии ӯ дар самти якпорчагии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат нақши созгор хоҳад дошт.

Амиқан иброз медорем, ки озмун ба хотири худогоҳӣ ва хештаншиносии насли наврасу ҷавони мамлакат гузаронида мешавад ва боварии комил дорем, ки он натиҷабахш хоҳад буд.

Миллати сарбаланд ва саодатманди тоҷик шоҳид аст, ки аз рӯзи ба сари ҳокимият омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳояшон, дар минбарҳои хурду калон, дар тамоми асарҳояшон, чанд мафҳуму истилоҳе ҳаст, ки ба таври ҳамешагӣ садо медиҳанд: истиқлолият, сулҳ, дӯстӣ, Ваҳдат, забон, фарҳанг, таърих, озодӣ, Тоҷикистон ва тоҷикон. Ин суханҳои силсила хусусияти ғоявӣ, мазмуни сиёсӣ доранд ва миллатро ба худогоҳӣ ва хештаншиносӣ талқин мекунад. Махсусан, тамоми асар ва нигоштаҳои Пешвои миллат атрофи як меҳвари асосӣ – хештаншиносӣ давр мехӯрад. Онҳоро хонанда набояд чун пайвандаки ҷумла қабул намояд. На, асло чунин набояд бошад, зеро мақсаду мароми сиёсии Сарвари давлати тоҷиконро лаҳза ба лаҳза ба гӯшу ҳуши дӯстону душманонаш бозгӯй мекунанд, миллатро барои бедорӣ роҳнамоӣ менамоянд ва барномаҳои дарозмуҳлатеро мемонад, ки барои садсолаҳои баъдии давлатдории тоҷикон хидматҳои мондагор хоҳанд кард. Аз ин нуктаи назар Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», ки асарҳои Пешвои адолатпеша ва соҳибандешаву дурандеши миллатро қарор медиҳанд, гаронбаҳову ҳидоятгари саҳеҳанд.

Андешаи ҳакимона ва оқилонаву олимонае низ ҷой дорад, ки «Барои аз байн бурдани як миллат шарт нест ҳама китобу дафтару девонро сӯзонед, кофӣ аст, ки ҷомеаро аз мутолиа боздоред». Бинобар ин ҳам, ҳама он озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатие, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат ва дигар ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – Фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», озмунҳои дигари ҷумҳуриявӣ, амсоли «Тараннуми Ватан», «Муаллими ман», «Вассофи Ватан» ва билохира «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» гувоҳии он аст, ки дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ армонҳои чандинсолаи халқу миллати тоҷик бароварда мешаванд.

Имрӯзҳо ҷомеаи башарӣ ба ростӣ эҳсос намудааст, ки дар ҷаҳони нопайдоканори муосир қувваҳои манфиатҷӯ дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ — маънавиро коҳиш дода, мафкураи ҷомеаро заҳролуд месозанд, баъдан ҳисси нобовариро дар умқи қалби шахс ҷой дода, ба амалҳои зишт ва хавфнок даст мезананд. Бинобар ин, мутолиа ва омӯзиши асарҳои Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон мардумро аз ҷоҳиливу ноогоҳӣ аз асли масири сиёсӣ раҳо намуда, дар замири ҳар фарди Тоҷикистон ҳисси ватандӯстиро меафзояд. Ба ибораи дигар дар саргаҳи ҳама эҷодиёти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқу масъалагузории ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг, забон, урфу одат ва амсоли ин масъалаҳо меистад, ки тамоми мамлакатҳои ҷаҳон имрӯз ба ин масъала назари якранг доранд ва мекӯшанд аз асолати арзишҳои фарҳангиву таърихии хеш ҳимоят кунанд. Аз ин нигоҳ монанди халқи тоҷик ва давлати тозабунёди он, сухани худшиносӣ ва худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, асолати миллӣ ва ба ин дигар масоили марбут дар даврони нав ба тозагӣ эҳё гардид, хоса дар сиёсати давлатдорӣ ва фаъолияти Президенти он Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин росто Сарвари давлат дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» қаламро бо алам омехта карда, бо шеваи бисёр зебову равон ва бамаврид менигоранд: «Ман аз саҳифаҳои куҳани таърихи диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям. Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро бо ҳам бипайвандам, ҳақро аз ноҳақ, ростро аз дурӯғ ҷудо карда, аз сабақҳои таърих панде биомӯзам».

Таърих гувоҳ аст, ки калимаҳои забон, фарҳанг, таърих, ҳувийят ва дигар арзишҳо дар саргаҳи тафаккури олимон ва донишмандони мамлакатҳо қарор дошта, вобаста ба тақозои замон ва раванди ҷомеаи ҷаҳон, тобишҳои нави маъноӣ касб мекунанд, доираи истифодаашон маҳдуд ва ё торафт бештар васеъ мегардад, ки ин масъала ба таври равшану муфассал дар асарҳои Пешвои миллат ба таври мураттаб ва побарҷо мавриди мулоҳизаҳои ҷиддӣ қарор гирифтаанд.

Кофӣ аст чанд китоби Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ном барем, ки барои худогоҳӣ, худшиносӣ ва хештаншиносӣ ва маърифаткунонии насли наврасу ҷавон ва умуман тоҷику тоҷикистониён роҳнамо ва иттилои заруриву тозаро матраҳ менамоянд, ки ҳамагӣ дар бедорсозии ҷавонон, наврасон ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ беназиранд.

Асари мондагор, беназиру пажуҳиши мукаммалу муфассали Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» фарогири масоили таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии қавми ориёинажоди Осиёи Марказӣ дар робита бо таърихи тамоми эрониён мебошад. Дар ин тадқиқоти хеле муфид масъалаҳои «Ташаккули халқиятҳои ориёӣ, густариши тамаддуни он, ба вуҷуд омадани давлатҳои тавоною мутамарказ, мавқеи аҷдодони мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо назари тоза ва дар заминаи дастовардҳои он навигариҳои илмӣ матраҳ гардидаанд. Таълифоти дигари арзишманди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» аст, ки зарурати донистани гузаштаро талқин менамоянд ва дар қалбу шуури хонанда меҳру муҳаббат, садоқату рафоқатро бар Ватан бедор месозад.

Мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб доранд. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади Пешвои миллат низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд. Як роҳҳи худшиносӣ ин омӯзиши таърих ва огоҳии комил доштан аз гузашта, ниёгони некному шахсиятҳои миллие, ки бо чароғи маърифату илм роҳи башарро рушан кардаанд. Ва як ҳадафи эҷоди «Чеҳраҳои мондагор» маҳз ҳамин аст, яъне ошноии наздик бо нухбагони миллат, онҳое, ки шамъи рушани илму маърифати оламанд.

Ҳамаи инро ба назар гирифта, маҳз зарурати дар маърифати ҷавонон, хусусан донишҷӯёну муҳассилини макотиби миёна ҷой намудани зиракии сиёсӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва дарки худшиносиву худогоҳӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рӯйи кор омад. Як назар ба китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» басанда аст, ки ҷавони тоҷик, шаҳрвандони азизи он дарк намоянд, ки дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон забони тоҷикӣ эҳёи дубора пайдо намояд ва лаззати шукуфоии бесобиқаи аҳди Сомониёнро бичашад. Пешвои миллат ҳамчун ҳомии таъриху фарҳанг ҷавонони ҷумҳуриро ба забондонӣ, забонпарварӣ ва забонпарастӣ даъват менамоянд. Ғамхории пайвастаи Роҳбари давлат ба забон ҳамчун рукни асосии давлат ва бинои асосии ҳастии миллат боис гардид, ки забони тоҷикӣ аз муҳити хонавода берун омада, то ба анҷуману ҳамоишҳои байналмилалӣ вусъат ёбад. Китоби арзишманди «Забони миллат — ҳастии миллат» сокинони мамлакатро дар ҳамин руҳия тарбия намуда, омӯзиш, парвариш, парастиш ва арҷгузорӣ ба забони тоҷикиро дар дили ҳар фарди ҷомеа бедор месозад.

Бо дарки баланди инсонӣ ва бидуни муҳоботу суханчинӣ бояд иқрор шавем, ки асарҳои Пешвои адолатпешаи тоҷику тоҷикистониён муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзиши муқаддаси миллӣ дошта, пойдевори ҳастии миллати тамаддунсози тоҷик ба наслҳои оянда ва рамзи сарфарозии шаҳрвандони он мебошад.

Бинобар ин, роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» барои бедории миллати тоҷик, махсусан ҷавонону наврасон, кулли шаҳрвандони Тоҷикистон айни муддао буда, даъват менамоем, ки ҷавонони мамлакат ба мероси гаронбаҳои миллӣ рӯ оваранд.

Бобоҷон Шафеъ,
Зафари Гулмурод,
кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 11, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба соҳаи геология меафзояд
Пагоҳ Вазорати нақлиёт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Санъат Раҳим: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон ягон ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта нашудааст»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд