ФУТБОЛ. Дарко Илиески ва Павел Назаренко ба ҳайати бозигарони дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пайвастанд
ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баҳри пурзӯр кардани ҳайати даста бо ҳимоятгар аз Македонияи Шимолӣ — Дарко Илиески шартнома баст. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Шартномаи ҳамкорӣ байни футболбоз ва дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе то охири мавсим ба имзо расид. Дарко Илиески 8 июл ба даста ҳамроҳ шуда, айни замон дар ҷамъомади таълимию тамринии бошгоҳ қарор дорад.
Ӯ ба ҳайси футболбози касбӣ дар дастаҳои футболи «Шкупи», «Копер», «Струга» ва «Пелистер» ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳамагӣ дар 181 бозӣ вориди майдон гашта, дар ҳисоби худ 10 гол ва 5 партофти головар дорад.
Бояд гуфт, ки Дарко Илиески қаҳрамони Македонияи Шимолӣ дар ҳайати дастаи «Струга» дар мавсими 2022-2023 мебошад.
Инчунин дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар равзанаи трансферии тобистона боз як созишномаи дигарро ба имзо расонд. Павел Назаренко ба ҳайати дастаи футболи «Истиқлол» пайваст.
Пас аз бастани созишнома то охири мавсими-2024, ҳайати дастаи футболи «Истиқлол» бо ҳимоятгари беларус Павел Назаренко пурра гардид, ки аз тими «Гомел» ба дастаи футболи «Истиқлол» гузашт.
Хотиррасон мешавем, ки ин бозингари 29- сола дастпарвари клуби «Динамо»- и Минск ба шумор рафта, дар дар дастаҳои «Слутск» «Витебск» ва «Городея» баромад намудааст. Ӯ ҳамчунин дар чемпионати Қазокистон дар ҳайати дастаҳои «Жетису» ва «Акжаик» бозӣ кардааст. То ин дам бозингар дар 265 бозӣ вориди майдон гардида, дар ҳисоби худ 10 гол ва 13 партофти головар дорад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд






