НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То соли 2032 тамоми аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин мегардад

Июль 22, 2024 14:25

ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи татбиқ шудани барномаи «Таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ барои давраи то соли 2032» аҳолии тамоми шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳо, ҷамоатҳо, кӯчаҳои мамлакат бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Раҷабалӣ Расулзода иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби ширкати австрялягии «Гидрофил» дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони дахлдори соҳа таҳия гаштааст.

Айни ҳол барнома барои бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудан,  дар доираи гурӯҳи корӣ дар ҳолати баррасӣ қарор дошта, то охири соли равон мебояд тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шавад. Барнома ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар деҳоти ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад.

Гуфта шуд, ки агар барнома то охири сол қабул гардад, пас  он барои солҳои 2024-2032 амалӣ карда мешавад. Дар доираи ин барнома тамоми шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳо, ҷамоатҳо, кӯчаҳо ба инобат гирифта шудааст, ки онҳо бо оби нӯшокӣ таъмин ва нуқтаҳои обҳои партов (канализатсия) таҷдиду барқарорсозӣ хоҳанд шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз шумораи 10 миллион аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 66 фоиз, ё ин ки 6 миллион 741 ҳазор нафар бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин мебошанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2024 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд