ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Дар Ёвон бинои иловагии мактаби №6 ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 21.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкорона ва маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муассисаи таълимии рақами 6-и деҳаи Қамбарии Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуповаи ноҳияи Ёвон бинои нави иловагии замонавӣ бунёд карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ медиҳад.
Бинои нави иловагӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои ҳашт синфхона ва утоқи корӣ мебошад. Сохтмони бинои нави таълимӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025 ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Таъкид шуд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, аз замони аввали соҳибистиқлолии давлат то ба имрӯз дар ин самт як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Инчунин барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия низ бомаром идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






