Таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирии Вируси норасоии масунияти одам дар конфронси байналмилалӣ матраҳ гардид
ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 июл дар шаҳри Мюнхени Олмон 25 — умин Конфронси байналмилалӣ доир ба мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) оғоз гардид, ки то 26 июл идома меёбад. Дар маросими ифтитоҳи конфронс Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода дар конфронс доир ба мавзӯи «Таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирӣ ва муқовимат бар зидди Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)» маърӯза намуда, оид ба таҷрибаи дар ин самт ба дастомада ба ҳозирин маълумот дод.
Ба гуфти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории ВНМО дар амал тадбиқ гардид. Айни ҳол аз рӯи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» фаъолияти муассисаҳои соҳавӣ идома дорад.
Дар ҳошияи конфронс Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори минтақавии Дафтари Ташкилоти умумиҷаҳони тандурустӣ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге мулоқот намуд, ки зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба «Харитаи роҳ оид ба саломатӣ ва некӯаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025» мубодилаи афкор намуданд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони 175 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






