Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи муосир барои санҷиши омилҳои гемофилия ба истифода дода шуд

Август 3, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» озмоишгоҳ барои санҷиши омилҳои гемофилияи Ташкилоти ҷамъияти гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Ташкили озмоишгоҳи муосир барои ташхису муоинаи беморони гемофилия дар Тоҷикистон қадами устувори дигар дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба беморон мебошад.

Бояд гуфт, ки беморони гемофилия таҳти назорат ва ғамхории давлат қарор дошта, 7 сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дорад. Мақсад аз таъсис додани ташкилот- ин ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имконияти баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда беморон бо «криопретсипитат» ва «плазма» ба таври ройгон таъмин мегарданд.

Гемофилия бемории ирсӣ буда, аз рӯи генҳои волидайн аз насл ба насл мегузарад. Дар беморони дорои гемофилия нисбат ба шахсони солим хунравӣ дарозтар буда, он аз норасоии омилҳои шахшавии хун вобастагӣ дорад.  Ашхоси  мубталои ин беморӣ аз ҷиҳати хунравӣ дар буғумҳо ҳамеша азият мекашанд, зеро қобилияти  шахшавии хуни онҳо хеле суст мешавад. Касоне, ки мубталои ин касалӣ ҳастанд, ба гурӯҳи беморони ҳаёташон зери хатар дохил мешаванд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 3, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид