Комиссияи олии аттестатсионӣ: «Соли равон расмиёти азнавбақайдгирии маҷаллаҳои илмӣ гузаронида шуд»

Август 6, 2024 10:19

ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол бо мақсади истифодаи таҷрибаи муассисаҳои пешсаф ҷиҳати ворид намудани маҷаллаҳои илмӣ, махзанҳои байналмилалии реферативӣ ва низомҳои иқтибосоварӣ ва дақиқ намудани ихтисосҳо расмиёти азнавбақайдгирии маҷаллаҳои илмӣ гузаронида шуд. Алҳол 21 маҷаллаи илмӣ аз нав ба қайд гирифта шуда, се маҷаллаи илмӣ -«Ахбори АМИТ. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ», «Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз»-и Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд. Маҷаллаи илмии Education. Quality Assurance-и Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг ба Феҳристи мазкур ворид карда шуд. Дар ин хусус 5 август зимни нишасти матбуотии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Комиссия таҳияи Феҳрист ва мониторинги маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ аз рӯйи самти омода кардани докторони фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисос, номзадҳои илм ва докторҳои илм ба чоп расонида мешаванд.

«Аз ибтидои фаъолият то давраи ҳисоботӣ ба Комиссия барои шомил намудан ба Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 дархост ворид гардида, 49-тои он тасдиқ, 9 дархости дигар рад ва 1 дархости дигар мавриди омӯзиш қарор дорад»,-иттилоъ дода шуд дар нишаст.

Масъулин иброз доштанд, ки бо мақсади санҷиши мутобиқати маҷаллаҳои илмӣ ба талаботи Қоидаҳои таҳияи Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Раёсати Комиссия аз 27 апрели соли 2017, №1/2) ба таври мунтазам аз ҷониби шуъбаҳои аттестатсионӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои экспертӣ мониторинги муҳтавои маҷаллаҳои илмӣ гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2024 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд