ОГОҲӢ! То 5 август дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хатари омадани сел боқӣ мемонад

Август 2, 2024 10:17

ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад, ки аз 2 то 5 август бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин об шудани пиряхҳо бар асари гармои шадид метавонад боиси омадани сел дар якчанд ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шавад.

Масъулини Кумита ба аҳолии дар доманакӯҳ ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда, сокинон ва меҳмонони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. Инчунин сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳиро доранд, бояд эҳтиёткор бошанд.

Сокинон бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳои назди манзили зисташонро сари вақт тоза кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон ёдрас менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ба таври ҷиддӣ риоя кунанд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 2, 2024 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ТЕЛЕВИЗИОНУ РАДИО». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ–амалӣ доир шуд
ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат
6 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?
Дар ноҳияи Ёвон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд
«ТОБИСТОН-2026». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодасозии истироҳатгоҳҳои тобистона доир гардид
Ширкати «IRS» дар 320 километр роҳ навсозӣ анҷом медиҳад
Кумакҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб расонида шуданд
Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ доир мешавад
5 май дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Кӯлоб бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир гардид