Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ширкати итолиёвии FRED Engineering S.R.L созишнома ба имзо расонид

Август 1, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 01.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 31 июл байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати итолиёвии FRED Engineering S.R.L дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» қарордод оид ба хизматрасонии машваратӣ барои дастгирии Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи «Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи амал барои солҳои 2024-2034» ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховр» дар Вазорати нақлиёт хабар доданд.

Созишнома дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри андешидани тадбирҳои иловагӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби фармоишгар- Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва аз ҷониби татбиқкунанда директор оид ба рушди ширкати FRED Engineering S.R.L (Италия) Франсиско Рейна ба имзо расид.

Азим Иброҳим зимни баимзорасонии созишнома изҳор намуд, ки хизматрасонии машваратӣ бояд босифат, дар муҳлати муайяншуда ва тибқи талабот ва меъёрҳои амалкунанда иҷро карда шавад. Гуфта шуд, ки ба таҳияи Стратегияи миллӣ, ки ҳуҷҷати зарурии давлатӣ мебошад, бояд коршиносони пуртаҷриба ва донандаҳои хуби қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ ҷалб карда шаванд.

Арзиши иҷрои хизматрасониҳои машваратӣ қариб 480 ҳазор доллари ИМА-ро бо назардошти андозҳо ташкил намуда, муҳлати иҷрои корҳо 12 моҳро аз рӯзи ба имзорасонии қарордод дар бар мегирад.

Нақшаи глобалии «Даҳсолаи амал барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ» аз 5 самти асосии бехатарии ҳаракат дар роҳ: «Идоракунии бехатарии ҳаракат дар роҳ», «Роҳҳои нисбатан бехатар ва мобилият», «Воситаҳои нақлиётии нисбатан бехатар», «Иштирокчиёни нисбатан бехатари ҳаракат дар роҳ» ва «Вокуниш пас аз садамаҳо» иборат мебошад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 1, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид