Байни ассотсиатсияҳои бонкҳои Тоҷикистон ва Русия Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид

Сентябрь 27, 2024 15:18

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Форуми ХХI байналмилалии бонкӣ таҳти унвони «Бозори молиявӣ: соҳибихтиёрии технологӣ ва дигаргунсозии сохтории иқтисодиёт» ва ҷаласаи Шурои байналмиллалии бонкӣ  оғоз гардид, ки дар он раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Ҷунайдулло Шарафов иштирок дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон хабар доданд, форум то 28 сентябр идома меёбад. Дар рӯзи якуми кори форум ва ҷаласаи Шурои байналмилалии бонкӣ раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон дар қатори роҳбарони иттиҳодияҳои бонкӣ – аъзои Шурои байналмилалии бонкӣ дар мавзуи «Муҳандисии иҷтимоӣ. Роҳҳои мубориза бо қаллобон» маъруза намуд.

26 сентябр дар доираи форум аз ҷониби раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Ҷунайдулло Шарафов ва президенти Ассотсиатсияи бонкҳои Русия Анатолий Козлачков Ёддошти ҳусни тафоҳум байни ассотсиатсияҳои бонкҳои Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки Ёддошти ҳусни тафоҳум бо мақсади табодули таҷриба дар самти тайёрии  касбии  кормандони ташкилоти қарзӣ, пешниҳод намудани хизматрасонии бонкӣ, истифода ва рушди технологияҳои нав, мусоидат ба истифода ва мубодилаи асъори миллӣ ва асъори дигар ва гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба масъалаҳои фаъолияти бонкӣ ба тасвиб расонида шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон  узви Ассотсиатсияи бонкҳои Русия мебошад.

АКС: Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2024 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур оғоз гардид
Тоҷикистон ва Латвия ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ густариш медиҳанд
Ҳабибулло Назарзода дар ҷаласаи директорони генералии авиатсияи граждании минтақаҳои ИКАО иштирок намуд
Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s» муҳокима шуд
Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо мулоқот намуд
Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «СУҒД-2026» баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1240 то 0.1301 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва ICAT дар доираи COP31 лоиҳаи муштаракро таҳия менамоянд
Соли 2027 дар Душанбе Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби «С5+1» баргузор мегардад
Дар Аврупо низоми нави вуруд/хуруҷ ҷорӣ гардид
Дар Бонн иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз шуд