Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар кори ҷаласа «Барномаи ҳамкорӣ байни хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон барои солҳои 2025-2028» қабул гардида, Ёддошти тафоҳум байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Арманистон барои солҳои 2025-2029 ба имзо расид.
Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода иброз намуд, ки «ҳадафи асосии баргузории ҷаласаи Шуро коҳиш додани таҳдид ба ҳаёт ва моликияти аҳолӣ аз зуҳуроти хатарноки табиӣ ва иқлим мебошад. Ин фаъолият бе мубодилаи байналмилалии мушоҳидаҳо ва пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ дар сатҳи миллӣ пурра анҷом дода намешавад. Аз ин рӯ, намояндагони Хадамоти миллии обуҳавошиносӣ дар кори созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СУО) иштирок мекунанд».
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим, аз қабили раёсати Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, татбиқи Созишнома дар бораи шабакаи байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷараёни иҷрои Стратегияи рушди фаъолияти обуҳавошиносии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақшаи татбиқи он, татбиқи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии хадамоти обуҳавошиносии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди фаъолияти обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2026-2030 бо иштироки ҳайатҳои хадамоти обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Федератсияи Русия, инчунин раисони Кумитаи иҷроияи Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид






