Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгаи аспдавонӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Мусобиқа дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи «Пойга ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он чобуксаворон ва аспҳои хоҷагиҳои асппарварӣ, ҷамъиятию хусусии вилоятҳо, шаҳрию ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Маблағи умумии ҷоизаҳо 279 750 сомониро ташкил дод.
Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ байни аспҳои зоти тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинии синну солашон аз 2 то 4 сола дар 8 марҳила ва дар масофаҳои аз 1200 то 1800 метр баргузор гардида, соҳиби мақоми якум бо 10 000 сомонӣ, ҷойи дуюм бо 7 000 сомонӣ ва зинаи сеюм бо 5 000 сомонӣ, инчунин диплом, медал ва ҷом қадрдонӣ карда шуд.
Мақсад аз баргузор намудани мусобиқаи мазкур, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба намудҳои миллии варзиш, хусусан пойгаи аспдавонӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ — 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе













Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
ҲАДАФ — ОБОДИИ ВАТАН. Иқдоми соҳибкори ватандӯст Наврӯз Сабзаев намунаи олии меҳандӯстӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистон аст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Дарвоз баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Балҷувон шукуҳманд таҷлил карда шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рашт баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Дар пойтахти мамлакат Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Лахшу Сангвор баргузор гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги шаҳри Бохтар доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом иншооти соҳаи маорифу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда мешавад
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад






