Дар шаҳри Москва 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил карда шуд

Сентябрь 11, 2024 15:18

ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш аъзои Шурои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти давлатии Федератсияи Русия, инчунин сафирон ва дипломатҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсӣ ва ходимони илму фарҳанги давлати иқомат, хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи маҳалӣ, донишҷӯёни тоҷик ва ҳамватанони муқими Русия ҳузур доштанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва ҳамкории давлати мо бо давлатҳои дигар, алалхусус бо Федератсияи Русия ва ташкилоти байналмилалӣ сухан гуфт.

Дар назди ҳозирин аз номи Федератсияи Русия муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко суханронӣ кард. Андрей Руденко ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намуд.

Чорабиниро барномаи фарҳангӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгӯи анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид.

Зимни ҳамоиш дар саҳни толори меҳмонхона намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатӣ, меваҳои тару тоза, хушкмеваҳо, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанӣ, чакандӯзӣ ва либосҳои миллии Тоҷикистон ташкил гардида, инчунин маводи иттилоотии сайёҳии мамлакат, мусаввараҳои рассомони тоҷик ва дигар ашё ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ҳамчунин ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Москва ва фурудгоҳҳои он ба тарзи видеоролик Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Сентябрь 11, 2024 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад
Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Спитамен якчанд иншооти маорифу тандурустӣ ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Зафаробод Маркази стоматологӣ кушода шуд
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Дар Панҷакент корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳидорӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд