Рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон дар марҳилаи нави ташаккули давлатдории миллӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон дар марҳилаи нави ташаккули давлатдории миллӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода дастовардҳои замони Истиқлоли давлатиро ба сиёсати созандаю хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дода, таъкид дошт, ки таҷлили 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ, тантанаи ваҳдати миллӣ ва меҳнати созанда ба хотири ободию пешрафти Тоҷикистон мебошад.
Иброз гардид, ки дар асоси ташаббусҳои Тоҷикистон қабул гардидани 11 қатънома аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ин иқдоми байналмилалии мамлакати моро ҷонибдорӣ намудани дигар давлатҳо натиҷаи сиёсати дурбинона ва зеҳнгароёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ба андешаи Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, вазъияти иқтисодии ҷаҳон, тағйир ёфтани вазъияти геополитикӣ ва афзоиши рақобатҳо моро водор менамояд, ки дар асоси таҳлили амиқи вазъият ва дарки равшани аҳамияти сарҷамъии миллат ба шароити муосир зуд мутобиқ гардида, тафаккури миллиро инкишоф диҳем.
«Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад», — изҳор дошт Хайриддин Усмонзода.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






