Сарвари давлат: «Ҳоло ҳосилнокии боғҳои ноҳияи Ашт нисбат ба соли 1991-ум 7,5 баробар зиёд шудааст»
ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ҳосилнокии зироат усулҳои нави обёрии заминҳои кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои аълосифат, технологияҳои муосир ва нуриҳои маъданӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Таҷрибаи пешқадам оид ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла кишти такрории зироати кишоварзӣ бо усули обёрии қатрагӣ дар хоҷагии деҳқонии «Абдуҷаббор»-и ноҳияи Ашт яке аз мисолҳои маданияти баланди истифодаи замин ба ҳисоб меравад. Ин матлабро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд, ки 8 сентябри соли равон дар ноҳияи Ашт баргузор шуд, изҳор намуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «роҳбарияти хоҷагӣ бо харҷи ним миллион сомонӣ ва бунёди ҳавзи об бо ғунҷоиши 1400 метри мукааб обёрии қатрагиро барои 7,5 гектар замини боғот ва ҳамзамон бо ин, кишти такрории 14 намуди зироат ба роҳ мондааст. Гирифтани ҳосили баланди зироати гуногун на танҳо аз шароити замин ва иқлими минтақаи алоҳида, балки аз ҷидду ҷаҳди деҳқони асил вобаста мебошад».
«Мо мисоли ба роҳ мондани парвариши хучро дар ноҳия дида будем.Танҳо дар се соли охир майдони ҳосилдиҳандаи хуч дар ноҳия 70 фоиз ва истеҳсоли ин намуди маҳсулот ду баробар афзудааст. Дар ду соли охир дар ноҳияи Ашт 3,3 ҳазор тонна хуч истеҳсол гардида, аз он мустақиман аз ноҳия 400 тонна ба хориҷи ҷумҳурӣ содирот ва боқимонда ба дигар минтақаҳои кишварамон барои коркард, бандубаст ва содироти минбаъда интиқол дода шудааст. Яъне афзоиши истеҳсоли ин намуди маҳсулот на танҳо барои ба шуғл фаро гирифтани сокинони ноҳияи Ашт, балки ба зиёд шудани ҷойҳои корӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусоидат намудааст», — хотирнишон сохтанд Роҳбари давлат.
Пешвои миллат барои рушди соҳаи боғдорӣ мусоид будани шароити иқлими ноҳияи Аштро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки дар ноҳия майдони боғҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ қариб 20 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Танҳо соли равон 66 гектар боғоти нав ташкил шуда, 82 гектар боғҳои куҳна барқарор карда шудаанд. Ҳоло ҳосилнокии боғҳои ноҳия нисбат ба соли 1991-ум 7,5 баробар зиёд шудааст.
«Дар ноҳияи Ашт солҳои 2023 – 2024-ум 85 ҳазор тонна мева истеҳсол шудааст, ки аз он 8 ҳазор тонна меваи тару тоза ва 1,5 ҳазор тонна меваи хушк мустақиман аз ноҳия ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст», — тазаккур доданд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат бори дигар таъкид намуданд, ки дар шароити бисёр ҳассоси ҷаҳони муосир бояд ба масъалаҳои истифодаи самараноки обу замин ва гирифтани 2 – 3 ҳосил ва ба ин васила таъмин намудани талаботи аҳолии мамлакат ба маҳсулоти озуқаворӣ аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид






