ТОҶИКИСТОНИ ОФТОБРӮЯ ВА ДӮСТДОШТАНӢ. Таассуроти меҳмонони хориҷӣ пас аз тамошои мавзеъҳои ҷолиби мамлакат

Сентябрь 9, 2024 18:55

 ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ «сиёсати дарҳои боз»-ро эълон намуда, солҳои охир мизбони чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ гардидааст.  Меҳмонони хориҷӣ — иштирокдорони ин чорабиниҳо аз тамошои мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистон, пазироии гарму самимии сокинонаш ба ваҷҳ омада, сарзамини офтобрӯяи моро писандида, орзуи ба ин ҷо ба саёҳат омаданро мекунанд.  Хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаи бархе  аз онҳоро   пешниҳод менамояд:

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон  Муҳаммад: «Мо мушоҳида намудем, ки Тоҷикистон бисёр мамлакати муттаҳид аст ва мардуми он дар фазои ваҳдату ягонагӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ ба сар мебаранд. Табиати зебо, нотакрор ва мафтункунандаи Тоҷикистон дили ҳар бинандаро тасхир месозад.

Мардуми меҳмоннавозаш зебоии ин табиатро даҳчанд меафзояд. Ба ояндаи боз ҳам шукуфони ин сарзамини мардуми меҳнатқарин бовар дорам».

Собиқ намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид  дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта: «Тоҷикистон монанди як биҳишт аст,  кӯҳҳои сарбафалак, обҳои  мусаффо, гулҳои хушнакҳат, хӯрокҳои  болаззат, мардуми заҳматписанд   дошта,  мардумони он воқеан хушбахту шодмонанд, ки дар чунин  давлати осуда  зиндагӣ мекунанд. Бар замми ҳамаи ин,  мардуми Тоҷикистон бисёр  меҳмоннавозанд ва барои ман ифтихори бузург аст, ки бо урфу одат ва зиндагии онҳо аз наздик шинос шуда, бо ин инсонҳои чун обҳои мусаффояшон дилсоф  ҳамнишин будам».

Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима: «Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сайёра пешсаф буда, бо иқдому ташаббусҳои бузурги башардӯстона дар масъалаи об ва дигар масоили умдаи байналмилалӣ  Сарвари давлати Тоҷикистон   дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон шахсияти шинохта мебошанд. Сарватҳои ғании обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар олам яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд, дар ҳолати самаранок ба кор андохтан метавонанд барои ҳамаи кишварҳои ин минтақа манфиати зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ оваранд. Воқеан, боиси аҳсану офарин аст, ки Пешвои тоҷикон на танҳо барои  манфиати мардуми тоҷик, балки ҳалли мушкилоти сокинони Сайёра дар масъалаи обу иқлим талош менамоянд».

Сокини Африқо Диало Блами: «Ба ман мавзеъҳои дилрабои шаҳри Душанбе, кӯчаю растаҳои тозаву озода, боғҳои ободу гулпӯш, иншооти бо тарҳу услуби муосиру миллӣ бунёдшуда хеле писанд омад. Воқеан, Душанбе зебо ва шаҳри орзуҳост. Дар ин сарзамин он қадар одамони самимию меҳмоннавоз зиндагӣ мекунанд, ки аз дидору суҳбаташон шод мешавӣ».

Хабарнигори Сербия Никола Микович: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дили қитъаи бузурги Осиё ҷойгир аст. Ман бори аввал аст ба Тоҷикистон меоям. Манзараҳои нотакрор, кӯҳҳои баланд ва ҳавои тозаи ин сарзамин ба ман хеле писанд омад. Кас мехоҳад борҳои ба ин сарзамин биёяд. Аз табиати зебою нотакрораш баҳра бубарад. Оши тоҷикӣ бипазад ва нӯши ҷон кунад».

Директори Раёсати миллии захираҳои обии Руминия Елена Тсукю: «Аслан меҳмоннавозиро бояд аз тоҷикон омӯхт, ин мардум ончунон самимӣ ҳастанд, ки кас вақте маротибаи аввал вориди Тоҷикистон мегардад, эҳсоси танҳоӣ намекунад.  Ман мафтуни Тоҷикистон ва табиати нотакрори ин он  гардидам. Зимни тамошои манзараҳои дилфиреб Тоҷикистонро ҳамчун биҳишти рӯи замин дарёфтам. Ростӣ, таваҷҷуҳамро бештар муҳаббат ва меҳмоннавозии тоҷикон ҷалб кард».

Директори генералии Департаменти банақшагирӣ ва назорати Вазорати захираҳои оби Ҷумҳурии Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Соли 2022 барои иштирок дар Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон будам. Бо гузашти ду сол ман мушоҳида намудам, ки дар Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба амал омадааст, хусусан дар пойтахти он- шаҳри Душанбе. Воқеан Душанбе ба шаҳри хеле зебову замонавӣ табдил гардидааст, биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар марказҳои бузурги савдою хизматрасонӣ қомат афрохтаанд, дар шоҳроҳҳои Душанбе электромобилҳо ҳаракат менамоянд, ки аз тадбирҳои Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди «сабз» ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад. Инчунин гулҳои рангоранг, буттаю дарахтони ороишию сояафкан кӯчаю хиёбонҳои Душанберо сарсабзу хуррам намудаанд. Воқеан, Тоҷикистон сарзамини сарсабз аст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, «нияти мо то соли 2037 ба «мамлакати сабз» табдил додани Тоҷикистон аст ва «Барномаи кабудизоркунии табиати кишварро то соли 2040» қабул намудем», ки дар мавриди татбиқи ин тарҳ ду миллиард ниҳол шинонида мешавад. Дар оянда бо татбиқи ин тарҳ Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои аз лиҳози экологӣ тоза дар минтақа ва пойтахти он- Душанбе ба шаҳри сабз мубаддал мегарданд. Гуфтаниям, ки Тоҷикистон имкон дорад дар оянда ҳамчун давлати сайёҳӣ, хусусан дар самти сайёҳии обию кӯҳнавардӣ ва экологӣ муваффақ гардида, иқтисодаш ҳам тақвият ёфта, пешрафт намояд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2024 18:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид