Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон беш аз 100 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд

Октябрь 14, 2024 13:19

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мунтазам афзуда, соли 2023 ба 215 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 1993 3,5 баробар зиёд мебошад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид намуданд.

Иброз гардид, ки танҳо дар моҳҳои январ – августи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 160 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 36 фоиз афзудааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 100 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла танҳо дар ду соли охир 56 корхона таъсис дода шудааст. Дар ин давра дар вилоят беш аз 100 коргоҳи хурди саноатӣ бунёд ва ба истифода дода шуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 10 номгӯйи соли 1991 ҳоло ба беш аз 60 номгӯй расидааст.

«Бо вуҷуди ин, таъкид менамоям, ки шумораи корхонаҳо ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ҳанӯз ба захираву имконияти саноатии он мутобиқ нест. Зеро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои захираҳои бойи табиӣ буда, дар ҳудуди он даҳҳо кону зуҳуроти маъданҳо ва канданиҳои фоиданок вуҷуд доранд»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.

-Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Саридораи геология бояд дар масъалаи истихроҷ ва коркарди онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд,-дастуру супориш доданд Президенти Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳазорҳо намуд гиёҳҳои шифобахш ва чашмаҳои табобатӣ мавҷуд мебошанд, ки аз ҷумлаи афзалияти ҳанӯз пурра истифоданашуда мебошанд.

АКС:АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 14, 2024 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 32 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар доираи «MAZU» тақвият меёбад
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Дар Душанбе рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Бонки Олмонии рушд баррасӣ гардид
Аҳамияти муҳими «CASA -1000» дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд
«Амонатбонк» ҳамкориро бо Бонки кишоварзии Чин тақвият медиҳад
Ҳаракати қатораи мустақими мусофирбар дар масири Душанбе — Москва барқарор карда шуд
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Барномаи шарикии кишварӣ барои Тоҷикистонро қабул намуд
Барои ҳаракати нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои мошингард маҳдудият ҷорӣ гардид