Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон доир гардид

Октябрь 6, 2024 09:25

ДУШАНБЕ, 06.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ин ба ин ниҳод.

Иброз гардид, ки қисми бештари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин неруи бузург дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми босазо дорад.

Ҳамзамон вобаста ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми ҷавонон дар раванди ин пешравиҳо ибрози ақида карда шуд.

Дар асоси дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти рушди ҷавонон пайваста иқдоми муфид амалӣ мешаванд. Ҷавонон низ барои пойдории сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ бояд саҳм гузоранд.

Махсусан саҳми ҷавонон дар нигоҳдории марзу буми мамлакат, пойдор гардидани Истиқлоли давлатӣ, инчунин пешрафти илму маориф ва техникаю технологияи ҳозиразамон намоён ба назар мерасад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки қисми асосии кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар анҷоми ҳамоиш як зумра кормандони вазорат барои фаъолияти назаррас дар рушди соҳаи ҷавонон ва варзиш бо Сипоснома ва ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 6, 2024 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт