Эмомалӣ Раҳмон: «Ба Бадахшон ҳамагӣ 50 ҳазор сайёҳони хориҷӣ омадаанд, ки хеле кам аст»

Октябрь 14, 2024 15:24

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иброз доштанд, ки мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2023 ва дар шаш моҳи соли 2024 ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 50 ҳазор сайёҳони хориҷӣ омадаанд, ки хеле кам аст.

Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз маконҳои бисёр ҷолиб барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад. Манзараҳои табиии зебову нотакрор, шаршараву дарёҳо ва кӯлҳои беназир, пиряхҳои калонтарин ва қуллаҳои баландтарин, меваҳои шаҳдбор ва маҳсулоти ширию гӯштии аз лиҳози экологӣ тоза, ҳазорҳо намуд гиёҳҳои шифобахшу даҳҳо чашмаи табобатӣ ва олами набототу ҳайвоноти нодир аз ҷумлаи имконоти беҳтарин барои рушди сайёҳӣ дар вилоят мебошанд.

-Инчунин ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва расму ойинҳои рангоранги миллӣ, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавҷуд ҳастанд, таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳонро аз давлатҳои гуногуни олам ҷалб кардаанд,- таъкид намуданд Пешвои миллат

Дар ин замина Роҳбари давлат бо нигаронӣ иброз намуданд, ки имконоти вилоят дар ин самт ҳанӯз ба таври кофӣ истифода намегарданд. Ин аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.

Вобаста ба ин масъала Сарвари давлат дастур доданд, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст Барномаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро таҳия ва амалӣ намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 14, 2024 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид