ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Сup 2024» дар Тайиланд иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки аз 11 то 14 октябр баргузор мешавад, вориди шаҳри Сонгкхлаи Тайиланд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври нимниҳоии мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 октябр бо тими миллии Сурия бозӣ мекунад. Дар бозии дигари нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Тайиланд ва Филиппин бо ҳам вомехӯранд.
Ғолибони даври нимниҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар рақобат барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ниҳоии мусобиқа 14 октябр доир мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






