ОҒОЗИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Имрӯз дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид

Октябрь 1, 2024 10:44

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими  даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд. Дар ҳамоиш  ҷавонони солҳои таваллуди 1997-2006-и ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини  сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори  АМИТ «Ховар».

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд,  ки «дар ин маъракаи муҳим эҳсос гардид, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҷавонон аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон  доданд».

Дар ҳамоиш  ба волидайни ҷавононе, ки бо амри дил барои адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан омодаи хизмат гардидаанд, миннатдорӣ баён гардид.

Хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҳамасола Ҳукумати мамлакат бобати фароҳам овардани шароити созгор барои сарбозону афсарон тадбирҳои мақсаднок меандешад.

Бояд гуфт, ки 5 августи соли 2024 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расид.

Имрӯзҳо бо саъю талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё карда шудааст. Дар кулли воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба барои баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандўстӣ ва садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд.

Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд. Ҳамчунин дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки ҷавононе, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмати ихтиёриро интихоб намудаанд, аз имтиёзҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ бархурдор мегарданд.

Ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фаридун Маҳмадализода, солҳои охир шумораи ҷавонписароне, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ мераванд, зиёд шуда, шаҳрвандон баъди гирифтани аввалин даъватнома ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Ин нишони он аст, ки масъулини мақомоти вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз як мавсим то мавсими даъвати дигар мувофиқ ба талаботи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватиро барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар бар мегирад, корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Инчунин захираи даъватшавандагонро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муайян ва мушаххас менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тарҳи нав қабул карда шуд. Он аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, тамоми самтҳои фаъолияти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳоеро, ки ба қайд гузоштани хизмати ҳарбиро ба танзим медароранд, дар бар мегирад. Мутобиқи ин қонун, ҳамасола теъдоди муайяни шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ таҳия гардида, ба талабот ва шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. Илова бар ин, қонун якчанд навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 1, 2024 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Имрӯз Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Пагоҳ Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад