«ТАСМАИ БЕХАТАРӢ-МУҲОФИЗИ ШУМО ДАР РОҲ». Дар Тоҷикистон маъракаи васеи иттилоотӣ оғоз гардид

Октябрь 30, 2024 13:44

ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳқиқоти солҳои охир бозгӯи он аст, ки танҳо 13,4 фоизи ронандагону мусофирони воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон тасмаи бехатарӣ мебанданд ва дар баъзе минтақаҳо ин нишондиҳанда то сатҳи 1,3 фоиз поён рафтааст. Аз ин рӯ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ имрӯз маъракаи итилоотии 12-моҳаи оммавиро оид ба баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ дар воситаҳои нақлиёт оғоз намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ташаббуси «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» ба баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ дар дохили нақлиёт тавассути огоҳӣ ёфтан ва тағйири рафтор аз ҷониби ронандагону мусофирон равона шудааст. Ин ташаббус дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шудааст, татбиқ карда мешавад.

Ин иқдоми итилоотӣ барои расонидани паёмҳои муҳим оид ба истифодаи тасмаи бехатарӣ ба ҳадди ақалл 90 фоизи аҳолӣ тавассути шабакаҳои гуногуни воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион, радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ равона шудааст. Тасмаҳои бехатарӣ барои пешгирии ҷароҳатҳои вазнини ҳаётан хатарноки сар ва сутунмӯҳра пешбинӣ шуда, метавонанд хавфи марг ё ҷароҳатҳои ҷиддиро дар садамаҳои нақлиётӣ тақрибан 50 фоиз коҳиш диҳанд. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки дар ҳисобот оид ба бехатарии роҳ дар соли 2023 оварда шудааст, ҳамасола дар Тоҷикистон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётие, ки аксаран пешгиришаванда мебошанд, ба ҳисоби миёна то 1300 нафар мефавтанд. Ба ҳар 100 000 аҳолӣ рост омадани 14 фавт– ин нишондиҳандаи баландтарин дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода изҳор намуд, ки «дар самти беҳтар намудани бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон гузаронидани чунин чорабинӣ муҳим мебошад. Тавассути баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ мо метавонем шумораи фавт ва ҷароҳатҳои ҷиддиро дар роҳҳои мамлакат ба таври назаррас кам намоем».

Муовини сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Солеҳзода дар баробари омӯзонидани аҳолӣ аҳамияти риояи қонунро доир ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таъкид намуда, гуфт, ки «агарчи ҳадафи асосии мо омӯзонидан ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои риояи бастани ихтиёрии тасмаи бехатарӣ дар роҳ мебошад, мо инчунин барои пурзӯр намудани низоми тасмабандӣ дар Тоҷикистон бештар кӯшиш менамоем. Тасмаи бехатарӣ ҳаёти одамонро наҷот медиҳад ва мо мехоҳем боварӣ ҳосил кунем, ки сафари ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳ бехатар мегузарад».

Роҳбари иҷроияи ташкилоти бритониёвии EASST Expertise Эмили Карр, ки татбиқкунандаи маъракаи васеи итилоотӣ дар Тоҷикистон мебошад, гуфт, ки «таҳқиқоти мо имконият дод, ки ба гурӯҳҳои мушаххас ва гуногуни аҳолӣ паёмҳои махсус равона гардад. Мо мардумро на танҳо даъват мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар мошин тасмаи бехатарӣ банданд, балки рафтор ва нофаҳмиҳои баамаломадаеро низ баррасӣ менамоем, ки ба истифодаи ҳатмии тасмаи бехатарӣ аз ҷониби ронандагон ва мусофирон монеа мегарданд. Умедворем, ки дар якҷоягӣ бо шарикон дар Тоҷикистон мо ҳама роҳҳои мамлакатро бехатар мегардонем».

Таъкид шуд, ки паёмҳои асосии маъракаи иттилоотӣ чунин ҳастанд: тасмаи бехатарӣ шиддати бардоштани ҷароҳатҳоро бамаротиб кам ва эҳтимоли зинда мондан дар садамаҳоро беш аз 50 фоиз зиёд мекунад, болиштҳои бехатарӣ барои кори якҷоя бо тасмаи бехатарӣ пешбинӣ шудаанд, на барои ивази онҳо, истифодаи тасмаҳои бехатарӣ барои ҳама ронандагону мусофирон, аз ҷумла дар курсии қафо муҳим аст, истифодаи тасмаи бехатарӣ дар нақлиёт барои ҳама гуна сафар, новобаста аз масофаи тайшуда ва суръат ҳатмӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки ширкати EASST Expertise инчунин бо ширкатҳои асосии хизматрасонии таксӣ барои татбиқи сиёсати «Бастани 100%-и тасмаҳо» барои ронандагону мусофирон ҳамкорӣ менамояд. Маъракаи «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» то моҳи сентябри соли 2025 идома меёбад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 30, 2024 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид