35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар деҳаи Ҳайронбеди ноҳияи Айнӣ майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар майдончаи варзишии навбунёд барои бозии футбол, баскетбол, теннис ва волейбол шароит фароҳам оварда шудааст.
Баистифодадиҳии чунин иншооти замонавӣ имкон медиҳад, ки дар оянда мусобиқаҳои варзишӣ ташкил гардида, ҷавонону наврасони деҳаҳо байни ҳам сабқат намоянд.
Ҳамчунин дар деҳаи Ҳайронбед бо масоҳати 160,0 метри мураббаъ ҳавзи шиноварӣ бунёд мегардад. Дарозии ҳавз 22 ва паҳноияш 8 метрро ташкил медиҳад.
Мувофиқи лоиҳа, ҳавзи шиноварӣ, мағозаи махсуси фурӯши лавозимоти шиноварию истироҳатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои ивази либос ва утоқҳои кории маъмурият сохта мешаванд. Барои амалӣ шудани корҳои сохтмонӣ беш аз 500 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад






