Дар Беларус Рӯзи синамои Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар кинотеатри «Победа»-и Ҷумҳурии Беларус, дар доираи Синамоҷоизаи 30-юми байналмилалии «Лістапад» Рӯзи синамои Тоҷикистон бо намоиши филми коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддин Музаффар бо номи «ДОВ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Минск хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ ходимони илму фарҳанг, рӯзноманигорон, инчунин ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқими Беларус иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён иброз дошт, ки филми «ДОВ» бо вуҷуди навэҷод будан аллакай дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷоизаҳои сершумор гаштааст. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки баргузории Рӯзи синамои Тоҷикистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ барои таҳкими ҳамкории минбаъдаи синамогарони ду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Директори генералии киностудияи миллии «Беларусфилм» Юрий Алексей гуфт, ки тақрибан як моҳ пеш дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус дар сатҳи баланд ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи ҷониби Тоҷикистон доир гардид. Ӯ изҳори хушнудӣ намуд, ки имрӯз дар Минск Рӯзи синамои Тоҷикистон доир мегардад ва ин табодули фарҳангӣ барои рушди ҳамкории минбаъдаи синамогарони ду мамлакат аҳамияти бузург дорад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода оид ба пешрафту дастовардҳо ва дурнамои ҳамкории фарҳангию гуманитарии Тоҷикистон ва Беларус, ки бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Президентони ду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко торафт равнақ ва мазмуну мундариҷаи нав касб менамояд, сухан гуфт.
Бояд таъкид намуд, ки қабл аз оғози намоиши филм маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва «Киновидеопрокат»-и Минск баргузор гардид, ки он ба лоиҳаҳои муштараки оянда дар соҳаи синамо заминаи устувор мегузорад.
Дар бораи филми «ДОВ»
Филми «ДОВ» — драмаи коргардони умедбахши тоҷик Муҳиддин Музаффар мебошад, ки аллакай дар арсаи байналмилалии синамо эътирофи зиёд пайдо карда, дар ҷашнвораҳои бонуфуз ҷоизаҳо ба даст овардааст. Филм масъалаҳои амиқи иҷтимоӣ ва фалсафиро баррасӣ карда, ба тамошобин тавассути нигоҳи хос ба воқеияти имрӯза бо истифода аз анъанаҳои фарҳангӣ ва миллии Тоҷикистон таҷрибаи нодирро пешкаш мекунад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус













Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






