Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи сенздаҳум чемпиони Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Чемпионати Тоҷикистон-2024 48 имтиёз ба даст оварда, барои рақибонаш дастнорас шуд ва пеш аз муҳлат унвони чемпиони Тоҷикистонро оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ соҳиб гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Барои «Истиқлол» ин сенздаҳумин нишони тилло дар таърихи бошгоҳ аст. Қаблан ин дастаи шаҳри Душанбе дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022 ва 2023 қаҳрамони Тоҷикистон шуда буд.
Дар бозиҳои боқимондаи Чемпионати Тоҷикистон-2024 «Истиқлол» бо «Равшан»-и Кӯлоб, «Ҳосилот»-и Фархор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Эсхата»-и Хуҷанд ва «Барқчӣ»-и Ҳисор вомехӯрад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд






