Тоҷикистон ва Британияи Кабир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Ноябрь 8, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сароб»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати «Пахтаи беҳтарин» (Better Cotton)-и Британияи Кабир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Созишномаи ҳамкорӣ 7 ноябр зимни вохӯрии намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори барномаи «Пахтаи беҳтарин»-и (Better Cotton) Британияи Кабир ба имзо расид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаи парвариши пахта бо ширкати «Пахтаи беҳтарин» (BCI) мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 8, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Камароб» ба фаъолият оғоз намуд
«ШОҲНОМА – ШОҲАСАРИ МОНДАГОР ВА ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲОИ ОРИЁӢ». Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид