Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд

Декабрь 11, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назаррас дорад, воқеаи таърихию фараҳбахш мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои пурнуфузи ҷумҳурӣ буда, дар тамоми самтҳои фаъолияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муассир мегузорад.

Зеро маҳз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист дар ҳама вазъият дар назди мардум бошад ва исбот намояд, ки ҳамеша дастгиру мададгори мардум мебошад. Ин аст, ки рӯз аз рӯз аъзою ҷонибдорони ин ҳизби мардумӣ зиёд гашта, ба туфайли қувваи бузурги онҳо мақом ва манзалати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа баландтар мешавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо идеологияи таъсирбахши ҳизбӣ тавонист на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам нуфузашро бештар намояд.  Дар ин замина гуфтан ба маврид аст, ки Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустин барои боло бурдани нуфузу обрӯи ҳизб ва ба ҳизби мардумӣ табдил додани он кӯшишҳои зиёд намуда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ҳизби мардумии ҷумҳурӣ мубаддал намуданд.

Воқеан, давоми фаъолияти 30-сола ҳизб марҳила ба марҳила дар дилу дидаи мардум ҷо гирифта, дар дурдастарин минтақаҳои ҷумҳурӣ на танҳо аъзою ҷонибдоронашро пайдо намуд, балки тавонист биноҳои маъмурии хуштарҳу муосир бунёд намуда, барои кормандонаш шароити мусоиди корӣ фароҳам созад. Инрӯз раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ идома дорад.

Дар ҷамъомад як гурӯҳ кормандони фаъоли Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад