«ХАЙРХОҲӢ ШАРАФ АСТ — ВОЛОНТЁР МЕШАВЕМ!». 5 декабр Рӯзи байналмилалии волонтёрон аст

Декабрь 5, 2024 13:35

ДУШАНБЕ, 05.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр — Рӯзи байналмилалии волонтёрон. Бахшида ба ин рӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Хайрхоҳӣ шараф аст-волонтёр мешавем!» барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ва аксияву ҳамоишҳои гуногун баргузор шуда, ихтиёриёни фаъол қадрдонӣ мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи маълумот, дар айни замон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳо ва ташкилоти низоми он, инчунин ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» зиёда аз 15 000 нафар волонтёрон фаъолият менамоянд.

Волонтёрон мададгорони ихтиёрӣ ва шахсоне мебошанд, ки ба манфиати Ватан ва мардум ба таври ройгон кумак мерасонанд. Тавассути пайваст шудан ба фаъолияти мададгорӣ касбияти волонтёр аз лиҳози инсонӣ, ватандӯстӣ, худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва аз ҳама муҳим, эҳтиром ба калонсолон зиёд мегардад. Вақте ки шахс ба фаъолияти волонтёрӣ мепайвандад, пеш аз ҳама, дар замираш дарки масъулият пайдо мешавад. Ин гуна шахсон мехоҳанд ба одамон кумак расонида, ҷомеаро ба пеш баранд.

Тавре Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз медорад, дар Тоҷикистон солҳои охир фаъолияти ихтиёриён ва ё волонтёрӣ рушд намудааст. Солҳои охир мушоҳида мегардад, ки аксарияти чорабиниҳои сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ бо кумак ва иштироки фаъолонаи волонтёрон доир мешаванд. Волонтёрӣ фаъолияте аст, ки дар шакли кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии давлат ва ҷомеа ба амал бароварда мешавад.

«Боиси ифтихору фараҳмандӣ аст, ки имрӯз аз нигоҳи ҷойгоҳ ва мавқеъ волонтёрон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат мақоми хосса касб намуда, дар татбиқи сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат саҳми боарзиш мегузоранд ва ташаббусҳои созандаро дар мамлакат амалӣ менамоянд», — изҳор медорад Зулфиқор Гулаҳмадзода.

Бояд гуфт, ки барои беҳтар намудани фаъолияти волонтёрӣ ҳанӯз соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» қабул гардид, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии фаъолияти волонтёриро муайян менамояд. Ин қонун инчунин муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба амалишавии ин намуди фаъолият ба танзим медарорад.

Ҳамзамон барои фаъолияти онҳо «Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амалӣ мешавад, ки он барои волонтёрон дар доираи мақсадҳои хайрхоҳона, кумакрасонӣ ва ҳамоҳангсозӣ ба ҳалли мушкилиҳои гуногун мусоидат менамояд.

Бояд иброз намуд, ки волонтёрӣ фаъолияте аст, ки ҳазорсолаҳо байни мардуми мо бо шаклҳои гуногун вуҷуд дошт. Падарону бобоёни мо ин навъи фаъолиятро бо мақсади ободу зебо гардонидани Ватан, густариши худшиносии миллӣ, дӯст доштани сарзамин ва дасти кумак расонидан ба шахсони ниёзманд пайваста истифода менамуданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷавонони фаъоли мамлакат дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дар роҳи ободонию созандагии Ватан бо ташаббусҳои наҷибона ба ин навъи фаъолияти ҷамъиятӣ мепардозанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2024 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуд
Дар Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагард барои пешгирии танбашавии мошинҳо аз байн бардошта шуд
Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби барқарорсозии шунавоӣ гузаронида мешавад
ТАРМАФАРОӢ. Барои пешгирии ин офати табиӣ кадом корҳоро бояд анҷом дод?
Соли 2025 барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ «Соли таъмини сифати таҳсилот» эълон гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бинои нав сохта мешавад
Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Инсон ба бемории гайморит аз беэҳтиётӣ нисбат ба саломатӣ гирифтор мешавад
Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?
Соли 2024 фаъолияти беш аз 600 иншооти соҳаи тандурустӣ муваққатан манъ карда шуд
Вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад