Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи Шуро раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои мубрами марбут ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуда, доир ба масоили рӯзномаи фаъолияти созмон дар марҳилаи муосир мубодилаи афкор намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ 19 масъалаи мубрами рӯз баррасӣ шуда, аз рӯи онҳо қарори дахлдор қабул гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия доир шуд






