Маркази захиравӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ифтитоҳ шуд

Декабрь 2, 2024 13:44

ДУШАНБЕ, 02.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо мақсади татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037 Маркази захиравӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия мавриди истифода қарор дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Мақсади ин марказ ба рушди касбияти мутахассисони маҳаллӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва амалисозии тадбирҳо барои то соли 2032 амалӣ намудани истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз таъмин намудан бо энергияи «сабз» равона шудааст.

Маркази захиравӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо маводи навини таълимӣ ва таҷҳизоти зарурӣ аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Душанбе таъмин шуда, самти асосии кори он аз таъмини барномаҳои таълимӣ барои занон ва ҷавонон, такмили ихтисос ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар соҳаи энергетика иборат мебошад.

Машваратҳо ва тренингҳои амалӣ тавассути марказ иштирокчиёнро аз тамоми ҷумҳурӣ фаро гирифта, ба таъмини малака ва донишҳои зарурӣ барои ҷавобгӯ будан ба талаботи бахши энергетика ва рушди кадрҳо дар соҳаи энергияи барқароршаванда нигаронида шудаанд.

Яке аз роҳҳои ҳалли муваффақонаи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим рушди иқтисоди «сабз» мебошад, ки зарурати рушди энергияи «сабз»-ро ба миён меорад. Маркази энергияҳои барқароршаванда таҷассумгари ҳадафи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои рушди таҳсилоти босифат ва ҳамзамон мутобиқати он ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Декабрь 2, 2024 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд