ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст

Декабрь 4, 2024 08:00

4 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар бораи вазъи энергетикии мамлакат баён доштанд.

***

4 декабри соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон сафар намуданд.

***

4 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе оид ба муҳокимаи ҳисоботи аввалини баҳодиҳии омӯзиши Лоиҳаи минтақавии CASA-1000 вохӯрии машваратӣ баргузор гардид.

***

4 декабри соли 2014 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе мушкилоти астрофизикаи муосирро дар сатҳи байналхалқӣ муҳокима намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Тоҷикистон дар Рейтинги рушди давлатҳо дар соли 2017, ки аз ҷониби Маркази бритониёии «Институти Legatum» тартиб дода шудааст, мақоми 102-юмро касб намуд.

***

4 декабри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо яке аз шаҳрҳои зеботарин ва қадимтарини дунё – Самарқанд шинос шуданд.

***

4 декабри соли 2021 соҳибкорони Могилёв бо корхонаҳои саноатии вилояти Суғд  шинос шуданд

***

4 декабри соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия ташриф оварданд.

***

4 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршадро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди Саудии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

4 ДЕКАБР:

Рӯзи байналмилалии бонкҳо.

***

Дар Русия – Рӯзи информатика.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ (маъруф ба Абулқосим Лоҳутӣ) -соли  1887— шоири шаҳири Эрон ва Тоҷикистон.

Декабрь 4, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш