ТУРСУНЗОДА-ШАҲР ДАР ҲОЛИ РУШД. Пешниҳоди сафардидаҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри саноатии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Турсунзода 9-10 декабр як гурӯҳ рӯзноманигорон аз нашрияҳои даврӣ, телевизиону радиоҳои давлатию мустақили шаҳру навоҳии мамлакат ба шаҳри Турсунзода сафар намуданд. Мақсад аз сафари корвони иттилоотии журналистон ба ин шаҳр шиносоӣ бо фаъолияти Музеи амалӣ-ороишии Қаратоғ ба номи устод Мирзо Турсунзода, корхонаҳои саноатӣ ва гармхонаю сардхонаҳо, дар маҷмуъ дастовардҳои шаҳри Турсунзода давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ буд.

Шиносоӣ бо мактаби деҳаи Қаратоғ

Дар деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода ҳайати  рӯзноманигорон аввал бо Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 шинос гардид.  Корвони иттилоотии журналистонро аҳли ҳунари Ансамбли этнографӣ-фолклории «Қаратоғ» бо рақсу суруд пешвоз гирифтанд. Ба иттилои директори ин муассиса Рухсора Шукурова, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 яке аз аввалин муассисаҳои таълимӣ дар замони то соҳибистиқлолӣ дар ин шаҳр ба ҳисоб рафта, ба номи фарзанди ҳамин деҳа,  забоншиноси шинохтаи тоҷик Носирҷон Маъсумӣ гузошта шудааст. Роҳбарияти муассиса аз он изҳори хушҳолӣ намуд, ки хонандаи синфи 2-и ин муассиса  Ҳадия Мустафоқулова дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба гирифтани  мақоми ифтихорӣ мушарраф гардид.

Бояд гуфт, ки дар айни замон дар ин  даргоҳи маърифат беш аз 1100 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, дар соли таҳсили  2023-2024  аксар  хатмкунандагон ба донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат ва берун аз он дохил шуданд.

4 ҳазор нигора

Осорхонаи амалӣ-ороишии Қаратоғ ба номи устод Мирзо Турсунзода яке аз осорхонаҳои ҷавони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар толорҳои он тамошобинон бо намудҳои гуногуни санъати мардумӣ, аз қабили кулолгарӣ, мисгарӣ, бофандагӣ ва кандакорӣ шинос мегарданд. Ҳамзамон дар ин ҷо ба фаъолияти адабию ҷамъиятии устод Мирзо Турсунзода толори алоҳида бахшида шудааст.

Чуноне мардумшинос Руҳуллоҳ Ҷӯрабоев зимни суҳбат бо мо иброз дошт, «дар ин толор   осори Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода маҳфуз аст, ки бо  50 забони олам тарҷума шудаанд. Ин ҷо мизу курсиҳои корӣ, мошинаи чопӣ ва аксҳои устод Мирзо Турсунзода бо шахсони шинохтаи дунё гирд оварда шудаанд.

Дар маҷмуъ Осорхонаи амалӣ-ороишии Қаратоғ ба номи устод Мирзо Турсунзода беш аз 4 ҳазор нигора дорад, ки ҳар кадоми он  таърихи ин маконро дар худ таҷассум мекунад».

 «Сардор — 2008» ва истеҳсоли беш аз 100 намуд маҳсулот

Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Сардор-2008»  яке аз корхонаҳои бонуфузи саноатӣ дар шаҳри Турсунзода буда, феълан дар ин ҷо зиёда аз 100 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад. Маҳсулоти ин корхона бо брендҳои «Ҳавас», «Симбо», «Ҳалво» ва «Чипс»  имрӯз дар ҷумҳурӣ харидорони зиёд дорад. Ба иттилои роҳбари шуъбаи кор бо ҷомеаи ҷамъияти «Сардор-2008»  Ҷаҳонгир Мардонов,  корхонаи истеҳсолӣ соли 2008 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, имрӯз дар он қариб 400 нафар дар ду баст фаъолият доранд.

«Маҳсулоти Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Сардор-2008»  дар баробари бозори дохилӣ ҳамзамон ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла  Муғулистон ва Афғонистон содирот мешавад.  Ғайр аз ин шартнома барои содирот бо давлати ҳамсояи Узбекистон низ баста шуд. Мо нақша дорем, ки бо Федератсияи Русия низ шартнома ба имзо расонем»,- афзуд Ҷаҳонгир Мардонов.

1285 нигора дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи Мирзо Турсунзода

Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи Мирзо Турсунзода ба истиқболи 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100-солагии шоири маҳбуб, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода моҳи июли соли 2011 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шуруъ намуд. Осорхона дорои 10 бахш ва 18 қисмат мебошад.

Ба иттилои масъулин, дар Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии ба номи Мирзо Турсунзода 1285 нигора мавҷуд буда, куҳантарини онҳо аз асри 3-и пеш аз мелод (асри биринҷӣ) мебошад. Дар ин осорхона коса, табақ, рангдон, кӯзача ва ғайра,  ки аз гил тайёр шудаанд, маҳфуз мебошанд. Нигораҳо аз ҳар гӯшаю канори шаҳри Турсунзода дарёфт шудаанд.

Дар ин баробар дар осорхона маҳфилҳои ҳунарии наққошии ҷавон ва кулолгарӣ фаъолият доранд, ки шумораи аъзои ин маҳфилҳои ҳунарӣ зиёда аз 50 нафар мебошад.

Истеҳсоли 200 тонна профил дар як моҳ

Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Алюмин Проф» аз дигар корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар рушди саноати мамлакат нақши бориз дорад.

Ба иттилои масъулини корхона, масоҳати умимии корхона 2,5 гектар буда, дар ин ҷо зиёда аз 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд. Корхона зиёда аз 30 намуд профил истеҳсол мекунад. Иқтидори истеҳсолии он  дар як моҳ 200 тонна ва дар як сол 2000 тонна профилро ташкил медиҳад.

Имсол  марҳилаи лоиҳаи дуюми корхона оғоз шуд, ки он ба  зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамояд.

Таъмини ҷумҳурӣ бо кӯчати ниҳолҳои помидор ва қаламфури булғорӣ

Хоҷагии деҳқонии «Абдуваҳҳоб-2006»  дар зиёда аз 1 гектар доман паҳн кардааст. Дар гармхона асосан кӯчати ниҳолҳои помидор ва қаламфури булғорӣ парвариш карда мешавад.

Чуноне роҳбари ин хоҷагии деҳқонӣ Муродулло Ҷӯраев мегӯяд, «ҳоло дар 2 гармхона  зиёда аз 100 ҳазор кӯчати ниҳолҳои помидор ва қаламфури булғорӣ парвариш меёбад. Имрӯзҳо аз тамоми қаламрави ҷумҳурӣ барои кӯчати ниҳолҳои помидор ва қаламфури булғорӣ ба мо муроҷиат менамоянд. Дар ин гармхонаҳо 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Кӯчати ниҳоли помидор дар 55-60 ва қаламфури булғорӣ дар 70-75 рӯз омода мешавад».

Дар шаҳри Турунзода дар масоҳати 87 гектар гармхонаҳо мавҷуд мебошанд. Имрӯз барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ 10 гармхона фаъолият дорад.

Нигоҳдории 16 навъи ангур дар сардхона

Сардхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» 17 октяби соли 2024 аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода ба истифода дода шуд. Иншоот иқтидори  нигоҳдории 800 тонна ангурро дорад.

Чуноне зимни суҳбат ба мо муовини Раиси шаҳри Турсунзода оид ба соҳаи кишоварзӣ Раҳматҷон Турсунзода иттилоъ дод, дар ин сардхона 16 навъи ангур нигоҳдорӣ шуда, ба Қазоқистон, Русия ва дигар давлатҳо содирот мешаванд.

Бояд гуфт, ки хоҷагии деҳқонии «Ғайрат»  7 гектар боғи ангур низ дорад. Дар он 12 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Душанбе-Турсунзода-Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 11, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид
Иқтисоди рақамӣ яке аз шартҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад
КИШТИ БАҲОРӢ. Ҳайати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо омодагии деҳқонони шаҳри Ҳисор шинос шуд
Соли 2025 дар ноҳияи Спитамен дар 6500 гектар пунбадона кишт карда мешавад
Дар Тоҷикистон сохтмони панҷ маркази логистикӣ оғоз меёбад
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон сохтмони 29 026 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Соли 2024 дар вилояти Суғд 166 корхонаю коргоҳи нав ба фаъолият оғоз намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешавад
Дар Душанбе лоиҳаҳои миёнамуҳлати муштарак барои солҳои 2025 – 2026 баррасӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба 57 мамлакати хориҷаи дуру наздик молу маҳсулот содирот шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 30 намоишгоҳи байналмилалӣ дар 9 давлати дунё иштирок намуданд