35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кӯли шаҳрӣ ва меҳмонхонаи «Хуҷанд»-и шаҳри Бӯстон пурра таҷдид мешаванд

Январь 14, 2025 14:30

СУҒД, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бунёд ва бозсозии иншооти гуногун идома дорад. Дар қатори дигар иншооти ҷашнӣ кӯли шаҳрӣ ва меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдид гардида, ба макони зебои истироҳатӣ табдил меёбанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар медиҳад, меҳмонхона аз 14 ошёна иборат буда, барои қабули қариб 300 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳа, тамоми утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои қабули меҳмонон навсозӣ гардида, ошхона, тарабхона бо 200 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ, ҳавзи шиноварии болопӯшида ва мавсимӣ, амфитеатр, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон ҷавобгӯ ба меъёру талаботи замони муосир бунёд мегарданд.

Фармоишгари корҳои сохтмонӣ Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, 40 бинокор ба сохтмон ҷалб гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 14, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат навсозӣ карда мешавад
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд