Ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон фаъолияташро дар дастаи дигари Суперлигаи Узбекистон давом медиҳад
ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари 20-солаи дастаҳои мунтахаби миллӣ ва олимпии Тоҷикистон (U-23) Далер Шарифов дастаашро дар Суперлигаи Узбекистон иваз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ҳамлагар ба ҳайси бозигари озод ба дастаи «Шӯртан»-и Гузар гузашт, ки он имсол ба Суперлигаи Узбекистон ворид шуд. Охирин бошгоҳи Далер Шарифов «Металлург»-и Бекобод буд, ки дар ҳайати он дар 24 бозии мавсими гузашта се гол задааст.
Далер Шарифов соли 2024 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон аввалин бор ҳунарнамоӣ намуд. Ҳоло дар ҳисоби ӯ панҷ вохӯрӣ бо пироҳанҳои тими миллии мамлакат сабт гардидааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд






